Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва ҳалли  муаммоҳои обии сайёра» бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои  рушди устувор, 2018-2028» бо иштироки васеъи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Конфронсро ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки  21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари  узви СММ қабул намуд. Ва ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд.

Анвар Мақсудӣ гуфт, ки дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об роҳандозӣ шавад. Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард. 

Сипас, Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид  ба корҳои таълим  дар мавзӯъи  «Ташаббус ва ҳадафҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об» маърӯза намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки дар баробари ин ин ташаббусҳои бузург имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд. Барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор оид ба об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосирро дар ин самт зарур шуморида ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани даҳсолаи байналмилалии таҳти унвони «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амалӣ муҳими башардустона арзёбӣ карданд. Аз нигоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ин ташаббус заминаи мусоиди таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳададфу мақсадҳои дар сатҳи байналмилаӣ мувофиқ шударо фароҳам оварда ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.

Садриддин Абдураҳимов, профессори кафедраи географияи табии факултети геоэкология оид ба мавзӯи «Захираҳои оби ширини Осиёи Марказӣ ва таъмини аҳолӣ бо он» иттилоъ дода, дар охир чанд пешниҳоди судманд, аз ҷумла арзёбӣ намудани  захираи ҳамаи обҳо (рӯизамини, зеризамини ва обҳои сахт) ҳамчун сарвати қимматбаҳои миллии Тоҷикистон, тадбирҳои судманд андешидан барои нигоҳ доштани ҳолати имрӯзаи оби кӯли Сарез аз ҳисоби суст кардани сарфи об аз каналҳои обдави сарбанд  (58 чашмахои барояндаи об аз   сарбанди Усой), барои ба пояи устувор гузоштани сарвати миллӣ  ва баланд бардоштани иқтисодиёти Тоҷикистон - аз деҳаи Барчидав ба роҳ мондани фурӯши оби кӯли Сарез ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи наздик, бо максади сохтани обанборҳо (бо назардошти таъғирёбии иклим ва оқибгардии пиряхҳо)  дар сойҳои хурд ҷорӣ намудани омӯзиши мониторинги доимоамалкунанда  ва ғайраҳоро ироа намуд.

Сипас, М.Собиров, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати донишгоҳ  оид ба «Таҳлилу баррасии дастовардҳои даҳсолаи Амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), М.Каримова, магистранти курси якуми факултети геоэкология дар мавзӯъи «Муаммоҳои истифодабарии об дар хоҷагии халқ» маърӯза намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни кори конфронс мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода иштирок ва суханронӣ намуд.