Вақтҳои охир вақте, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешавам аз шунидани шумхабарҳову баромадҳои бардурӯғи Мамадбоқир Мамадбоқиров ба ғазаб меоям.

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст”. Пас чаро инро дидаву дониста Мамадбоқиров барин инсонҳо дар сарзамини Тоҷикистон зиндагӣ карда маҳалгароимекунанд. Воқеаҳое, ки дар ҳудуди ВМКБ вобаста ба корнамоиҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров рух доданд ин амали пасти инсонгароиро нишон медиҳад. Сӯйистифода аз ин амалҳо хоинони миллат моро ба ҳамагон бадном намуда нишон дода истодаанд.

Вақте, ки баромади Аловатшоев Амриддинро шунидам ба худ хулоса баровардам, ки ҚОНУН барои ҳама як аст ва аз қонун ҷои гурез нест. Нафаре, ки ба халқу Ватанаш хиёнат кардааст хоҳ нохоҳ дар куҷое, ки набошад дастгир мешаваду ҷазояшро мебинад.

Бадкорону бадхохонро роху равиш боял омухт ва аз бадихо дур гардонд, ки дар корхои неку савоб даст зананд. Зеро онхо худ аз худ бахри дигар гаштани хулку атвори худ намекушанд. Барои инсони комил шудани кас бояд хамеша дустону наздикони хуб пайдо кунад, бо кадом рохе, ки набошад, ононро ба росткорй хидоят кунанд ва аз вартаи бад бирахонанд ин аст вазифаи инсони комил.

Вале хастанд шахсиятхое, ки хеч гох ононро бо ягон кушингу мадади атрофиён аз рохи бад наметавон гардонд. Онон аллакай пайрохаи бузургро тай намудаву худ бехабаранд. Тавре мегуянд: «Бадкор азоб накашад, агар азоб мекашид, бадй намекард, аммо некукор аз он ки ба кадри тавон некй накарда, дар қайди ранч асту азоб».

Хуллас, хеч як бадкарда бе чазо нахохад монд. Хар як амалеро чавобест ва ҳар бадкоре ба кадри бадиҳои анҷомдодааш ҷазое хоҳад дид. Беҳуда нагуфтаанд:

Бад макун, ки бад афтӣ,
          Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

 

Биоишаи Назар

аъзои ташкилоти ҷамъиятии

ҷавонон”Созандагони Ватан”

дар шаҳри Хуҷанд