19 май дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилоят чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.
Аз субҳи барвақт ҳазорон нафар сокинони Хуҷандшаҳр ҷиҳати иштирок дар Дави миллӣ дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20 -солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъ омаданд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури иштирокдорони чорабинӣ суханронӣ карда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон ёдоварӣ кард.
Зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва дастгирии доимии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва таъмини оммавияти варзиш тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи понздаҳ навъи варзиш мусобиқаҳои варзишӣ ҷараён дорад.
Сипас, Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз ёфт ва қариб 30 000 нафар сокинони маркази вилоят, кормандони ташкилоту идораҳо, соҳаҳои фарҳангу маориф, тандурустӣ ва ҷавонону варзишгарон дар он иштирок карданд. Маросими ҷамъбастии чорабинии варзишӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. 
Ёдовар бояд шуд, ки дар ин рӯз ҳамзамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо Дави миллӣ баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд