Дар ҳошияи дастуру вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи марказиии Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии COVID 19 имрӯзҳо дар аксари ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ваманзилҷойҳо корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегмирад.

Чунончи нимаи дуюми имрӯз дар асоси нақшаи баргузории мулоқотҳо муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, роҳбари дастгоҳи комиҷроия Салим Ҳаитов дар ҳамкори бо Хадамоти вилоятии шуғл, меҳнат ва муҳоҷирати меҳнат дар Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои гузаришь дошта, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Паҳншавии коронавирусро дар кишварҳои  Амрико, Италия, Фаронса, Испания ва дар якчанд давлатҳои дигар мушоҳида намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки  бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ шарт ва зарур аст.