Дар асоси низомномаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”-и Суғд бо мақсади инкишоф ва тарғиби варзиши техникӣ ва ҳарбӣ – амалӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим санаи 20 июни соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар толори махсуси тирпарронӣ, ки дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, байни шаҳрвандони синну соли гуногун мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди тирпарронӣ баргузор шуд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат варзида, изҳор дошт, ки яке аз вазифаҳои асосии мо ин омода кардани наврасону ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ буда, баргузории чунин мусобиқаҳо метавонад барои сафаршавии ҷавонон таккони ҷиддӣ бахшад.

Аз намуди тирпарронӣ, ки дар байн бонувон ва мардон баргузор гардид, иштирокчиён фаъолона ширкат варзида, ғолибон бо Диплом ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин ғолибони мусобиқаи мазкур ба мусобиқаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.