Дар  давоми  нимаи дуюми асри  ХХ ва ибдидои асри ХХ1, махсусан дар даҳсолаҳои охир тероризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қароро гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои ҳарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гушошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд,ки барои чц ба омӯзиши ин масъла маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, ҳол он,ки таърих исбот мекунад,ки дар ҳар давру замони таърихи ҷамъиятц содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Танҳо  дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 дар қатори дигар проблемаҳо тероризм ва экстремизм ба проблемаи глобали табдил ёфта буд. Аз лиҳозе,ки давлати мо бо  Афҳонистон сарҳади тӯлони ва пурпечу тоб дорад  ва марзи ин кишвар ноором аст аз сабаби ноороми ин давлат терористону ифротгароён, аз ҷумла, гуруҳи террористии «Толибон», «Ал-қоида», тарафдорони бо ном «Давлати исломц» онҳо такягоҳҳои хешро созмон додаанд, ҳамчун мавқеи муносиб ва ба истилоҳ «транзитц» амалисозии мақсадҳои нопоки эшон гаштанаш аз эҳтимол дур нест.Хиёнат ва қатлу куштори бераҳмона самти муҳими фаъолиятҳои таҳрибкоронаи ташкилоти терористии собиқ Ҳизби наҳзати исломро ташкил медиҳад. Ҳизби терористие, ки ҳануз саркардагонаш дар фосилаи начандон дури таърихц рӯзҳои сахту даҳшатро ба сари мардуми тоҷик оварданду боз ин аъмоли таҳрибкоронаи худро идома медиҳанд. Ин турфа ватанфӯрушон мехоҳанд ҷавононро фиреб дода, ба коми марг баранд.Ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти терористиест, ки аз ҷониби аҷнабиёни дуру наздик маблаҳгузорц мешавад ва барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ даст ба ошӯбу балво мезанад.  Дар чанд вақти охир мардуми тоҷик аз симои аслии ин ҳизби ифротию терористц огоҳ шудаанд. Зеро гурӯҳи ифротц аз аввали пайдоишаш то ҳол аз дини ислом сӯистифода намуда, мардумро ба ин роҳ мехоҳад фиреб диҳад. Дар асл, ин ҳама қатлу кушторе, ки ин гуруҳ анҷом, аз ислом нест. Танҳо расидан ба мақсадҳои палиди худ исломро истифода намуданд. Он нафароне, ки ҳама бар террорист буданашон яқин доранд, набояд дар озодц зиндагц дошта бошанд, зеро будани ин гурӯҳ барои ҷомеаи ҷаҳонц аз ташкилоти террористии «Давлати Исломц хатари кам надорад. Ҷанги хонамонсӯзи солҳои 90-уми қарни гузашта аз нақшаҳои палиди ҳамин гӯруҳ буд, ки ҳазорон нафар кушта, бадарҳа ва бехонумон шуданд. Баъдан бетартибиҳои соли 2015 низ яке аз мақсадҳои пинҳонии ташкилоти терористии Ҳизби наҳзати ислом буд. Аз кирдори ношоистаи ин ҳизб ҷаҳониён огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористиву эксремистц мешиносанд. Оромиву сулҳу суботи кишвар неъматест, ки имрӯз ба чашми душманон чун хор ҳар замон мехалад ва онҳоро нороҳат месозад. Душманони зархарид бо хоҷагони хориҷии худ ба монанди кӯршапараке,ки офтобро дидан наметавонад, мекӯшанд чунин вонамуд созанд, ки дилсӯзи ин сарзаминанд. Аммо дигар нақшаҳои ин хоинон чун нақши рӯи об аст, ки аслан умри дарозе надорад. Ин ҳарзабофон дар хоби ҳафлати худ ҳуборҳое мебинанд, ки дар он ҳуттаваранд. Онҳо ба таъбире «гунгу кару кӯранд», ки дар дилҳояшон қулф зада шудааст. Зеро дастовардҳои Тоҷикистони соҳибстиқлол имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонц маълум аст, аммо бехирадони ватанфурӯш ин ҳамаро дидан наметавонанд ё диданду шунидан намехоҳанд. Ташкилоти терористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки чун кундаи пӯсида аз ҳам мерезад, мехоҳад бори дигар хаёлҳои хому иҳвоангези худро амалц созад. Ба ҳар васила мехоҳад садоқати худро ба хоҷагони хориҷии худ нишон диҳад. Ҳеҷ амали ин гурӯҳак барояшон натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Зеро дигар онҳо ҳеҷанд, шармандаи назди мардуманд. Мардуми шарифи ин сарзамин дигар ба доми фиреби ин девсиратон нахоҳанд афтод. Гузашта аз ин, ба инҳо ҳатто хонаводаҳояшон низ дигар бовар надоранд. Чуноне,ки мегӯянд, «умри дурӯҳ кӯтоҳ аст». Дер ё зуд дасисабозиҳои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом дар кишварҳои Аврупо низ ошкор гардида, аз он ҷой ронда хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дастаҷамъона бо ин падидаи номатлуб мубориза барем. Нагузорем, то мамлакати сулҳ парвару ором ва биҳиштосои моро ин худобехабару бедодгарон ба майдони бозиҳои сиёсц ва манфиатии худ табдил диҳанд. Мутаасифона аксари ин гурӯҳҳо дини мубини исломро ба худ «сипар» карда, бо ин андеша гӯё «ҷиҳоди муқаддас» мекунанд ва аз ҳама нанговараш он аст, ки иддае аз ҷавонони бесаводу мутаасири тоҷик ба ин афсонасозиҳои онҳо фирефта гардида, шомили ваъдаҳои бардурӯҳу зери таъсири ақидаҳои нопокашон мемонанд. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалц Раҳмон аз оҳози фаъолияти роҳбарии хеш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеа ҷалб намуда, аз минбари баланди Созмонони Милали Муттаҳид борҳо таъкид карднд, ки терорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. «Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёри сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳаргуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем».  

 

Бобоҷонзода Қудратуллоҳ аъзои

 ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд