Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша- чорабинии шуъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии “Ҳунарманд” ва “Сохтмон” ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд шанбегӣ доир гардид.

Дар шанбегии мазкур ҳашарчиён ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза намуда, кӯчаҳои маҳалларо рӯбучин карда, хасу хошок ва гилу партовҳои дигарро ҷамъоварӣ намуданд. Ин амали дастаҷамъона ҷиҳати  ободу зебо гардидани шаҳр мусоидат хоҳад кард.