Тибқи нақшаи шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  бо духтарон ва занони Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳаммад Осимӣ” дар назди Донишгоҳи политехникии Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ  оид ба фарҳанги либоспӯшӣ, иззату эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, нигоҳ доштани маданият ва рафтору кирдори миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷавондухтарон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар  вохӯрии мазкур муовини раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, аъзои фаъоли ҳизб Гулчеҳра Аҳророва, мудири шуъбаи занон Дилрабо Қурбонова, раиси шӯрои занон ва духтарони донишгоҳи мазкур Муҳаррама Темирова иштиок ва баромад карданд.

 Таъкид гардид, ки Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.  Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин, бешубҳа, сабаб дорад.

Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои милии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон дар хориҷи кишвар нагарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд.

Ин иқдоми нек ва бомаврид аз таваҷҷўҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон-занону духтарон, ки онҳо нерўи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд, шаҳодат медиҳад.

Мутаассифона, бархе аз занону духтарон бегонапарастӣ намуда, либосҳои ба мо хос набударо бо номи “сатр” инчунин либосҳои нимурён ва аврупоӣ ба бар карда худнамоишӣ мекунанд, ки ин амал ба миллати фарҳандўсти мо хос нест. Ин ҳолат дар кўчаю марказҳои истироҳатию фароѓатии шаҳрҳои мамлкатамон бештар ба мушоҳида мерасанд. Чи гуна шарму хиҷолат ин тоифаро намегирад пеш аз ҳар иқдом, андеша карданашон ба манфиати кор аст. Масалан, дар моҳи авусти соли равон дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Тоҷикистон як зани сатрпўш арзишҳои халқу дини мубини исломро поймол карда, ба нишони эътироз боҳаргуна баҳонаҳои беасос сўиқасд ба ҷони худ даст задааст. Бояд гуфт, ки ин тоифа занон бо чунин кирдори худ ба шаъну шарафи бонувони тоҷик иснод меоранд.

 Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин ҷавонон-занону духтаронро ҳушдор намудан, ки ба бегонапарастӣ, тақлидкорӣ ва гурўҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кўшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.