Дар нишасти солонаи  Варшава, ки бо ташаббуси САҲА давоми ду сол як маротиба баргузор мегардад, дар қатори дигар хойинони миллат Илҳом Ёқубов,  собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ки худро Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст, низ баромад намуд. Суоли нахустин, ки дар сарам чарх зад, кӣ ва дар куҷо ӯро роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ интихоб кард? Ва баъдан аз Осиёи Марказӣ  наздики 10 миллион муҳоҷирон дар хориҷи кишвар иқомат доранд. Миёни онҳо дигар лидер ёфт нашудааст, ки Илҳом Ёқубови кӯрсавод роҳбари ин Анҷуман шавад. Сониян кӣ ба ӯ иҷозат додааст, ки аз номи ҳамин қадар муҳоҷирон фикри шахсии худро ба сари миллати мо таҳмил кунад. Ҳол он ки дар хориҷи кишвар садҳои шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ доранд ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ бағоят калон аст. Ва дар қиёс аз «мушкилие», ки Илҳом Ёқубов дар суханрониаш зикр кардааст, мушкилиҳои азими фаромиллӣ пешорӯи муҳоҷирон қарор дорад. Ин ҳам бошад мушкилии буду бош, фавҷ – фавҷ пайваст шудани ҷавонони муҳоҷир ба сафи ташкилотҳои террористие, ки маҳз Илҳом ва илҳомбаринҳо дар ин кори «хайр» нақши асосӣ мебозанд.

Худи Илҳом Ёқубов кист ва то кадом андоза ба сухану журналистика иртибот дорад? Ба  ин суол посух он аст, ки ӯ тарбиятдидаи як хонаводаи «зиёӣ»-и шаҳри Хуҷанд аст. Аммо мавҷи «исломпарастӣ» ва суҳбату устоду шогирдӣ бо Муҳиддин Кабирӣ он тарбияе, ки мактабу маориф ба ӯ додааст, бо «хушгӯ»-иҳои Кабирӣ ба итмом расиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ ин ҷавони хуҷандӣ, ки шояд зиндагии шоҳонаву лутфу карами беҳудудро дар хоби шабаш медид, аз маблағхои хоҷагони эронии худ ба бизнеси мошин гузашт ва дар муддати хеле кӯтоҳ ҳам карейра намуду ҳам яке аз тоҷирони муваффақ гардид. Ба ном роҳбари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буду рӯзашро дар кишварҳои Прибалтика мегузаронд. Ҳамчунин бо маслиҳатҳои устодонаш Наим Самиев (роҳбари ҲНИ дар вилояти Суғд) ва Муҳиддин Кабирӣ мунтазам дар шӯрои машваратии дафтари САҲА дар вилояти Суғд ширкат меварзид. Ӯ дар ин ҷо бо чанде аз рӯзноманигорон ошноӣ пайдо намуда, бо онҳо робитаи мустақим пайдо намуд. Ҳамин тавр ӯ дар арсаи сиёсии шаҳр ва вилоят ном баровард. Бо нишони «ихлос» ба роҳбари рӯҳонии худ бо ҳамроҳии волидону пайвандонаш тарки диёр намуда, алҳол ҳамонтавре, ки гуфтем ба «мақоми баландпоя» - роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ расид. Акнун меоем ба сари ду «мушкилие»,  ки ӯ дар Варшава аз он бонги изтироб зад. Ӯ ба як ҷумла журналистикаи муосири тоҷикро ба риштаи таҳлил кашид ва иброз дошт, ки дар кишвар озодии сухан нест. Овардани ҳамин рақам кифоя аст, ки ӯ дурӯғ мегӯяд. Дар он шаҳре, ки ӯ ба камол расидааст, ҳафт шабакаи телевизионӣ ва 5 радиои FM фаъолият доранд, ки 6 шабакаи телевизионӣ ва 4 радио хусусӣ мебошад ва ҳар кадоме барои рушди журналистика, ифшои камбудиву норасоиҳо хизмат менамояд. Мо борҳо тариқи телевизонҳо гузоришҳои  таҳлилии рӯзноманигоронро дидаем, ки барои ислоҳи вазъ мусоидат намуд. Ягон фишор аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ нест.

Гузашта аз ин,  тибқи муқаррароти Конститутсия давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, манзил, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат додааст. Дар кишвар наздики 350 нашрия фаъолият дорад, ки аз ин шумор наздики 300 нашрияҳо хусусисанд.

Ҳамасола санаи 3 май чун санаи озодии сухан таҷлил шуда, беҳтарин журналистон ҷойизаҳои озодии сухан ба монанди ҷоизаи "Эътимод", "Ҷасорати журналистӣ","Касбияти журналистӣ","Ҳамраъйии касбӣ", "Тадқиқоти журналистӣ" ва ҷоизаи Пайванд Гулмуродзода соҳиб мешаванд.

Ҳамзамон соли чорум аст, ки бо мақсади рушд бахшидани ҳама соҳаҳо, ифшои камбудиҳо, таҳлилу баррасии мушкилоти рӯз бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни «Хомаи созанда» гузаронида мешавад, ки тавассути қалами сеҳрофарини рӯзноманигорон  камбудиҳои ҷомеа ошкор ва масъулияти роҳбарон баланд бардошта мешавад. Баргузории нишасти матбуотӣ низ қадаме ба пеш барои тантанаи озоди сухан аст. Ва роҳбарон муаззаф ҳастанд, ки ба ҳамаи саволи журналистон посухи воқеӣ диҳанд. Вокуниш нишон додани роҳбарон низ ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо Илҳом Ёқубов, ки шояд дар асри 23 парвоз дорад, ин ҳамаро нодида мегирад.

Вале баҳогузории як нафаре, ки аз кӯчаи журналистӣ нагузаштаасту санги маломат ба сари журналистон мезанад, аз рӯи камоли одоб нест.

Аксари нашрияҳои хусусие, ки ба гуфти Илҳом Ёқубов фаъолияташон қатъ шудааст ба мушкилии молӣ рабт дорад на ин ки фишору сензура.Тасаввур кунед, ҷаҳони иттилоот торафт доман мекашад. Имрӯз хабаргузории интернетпорталҳо рушд ёфтааст. Ба шакли электронӣ нашр шудани нашрияҳо низ дар мӯд аст. Иқрор ҳам бояд шуд, ки мардум дар қиёс ба газетаҳо бештар рӯ ба телевизион таваҷчуҳ доранд, пас муассис маҷбур мешавад, ки фаъолияташро қатъ созад. Тақдири сомонаи Тоҷнюс ва нашрияи «Нигоҳ» ба мушкилии молиявӣ рабт доранд.

Дар мавриди журналист Исмоилов, ки дар ноҳияи Ашт зиндагӣ мекард, ҳаминро гуфтанием, ки ӯ на ба фаъолияти журналистӣ ва озодбаёнӣ, балки барои гирифтани пора ва шантаж бо ҳукми суд ба ба маҳкама кашида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, 10 марти соли 2012, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ унвон кард ва гуфт, ки «озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд». Ба андешаи ӯ, танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Аммо Сарвари давлат дар идомаи суханаш таъкид кард, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд ва даъват намуд, ки ВАО аз чопи маводе худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд. Ба андешаи ман  се омили таъмингари озодии баён мебошад. яъне ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ. Маҳз аз дидгоҳи ҳамин рисолат журналист бояд кору фаъолият намояд.

Илҳом Ёқубовро мебояд пайгирӣ дигар мавзуъ шавад. Вазифаи ҷониву имонии ӯ хизмат кардан ба халқу миллат аст на бозичаи дасти дигарон шудан.

 

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов,

Котиби масъули нашрияи «Шафақ»