Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бахшида ба «Рӯзи муаллим» ва «Рӯзи забони давлатӣ» вохӯриву мулоқотҳо баргузор гашта истодаанд.

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамаи аъзоёни Комиҷроия барои табрики омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр вобаста карда шудаанд ва омӯзгорони фаъол, аъзоёни ҲХДТ, ки дар пешрбурди фаъолияти кории ҲХДТ, ҷиҳати фаҳмондадиҳии дастовардҳои мамлакат, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб ҳамаҷониба кушиш ба харҷ медиҳанд бо сипосномаҳою тӯҳфаҳои Комиҷроияи шаҳрӣ сарфароз гардонида шуда истодаанд. Санаи 3-уми октябр Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба ғимназияи №1, кӯдакистони Президентӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, омӯзгорони ин боргоҳҳои маърифатро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд.

Боиси қайд аст, ки дар ин рӯзҳо собиқ устоди варзидаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Эргашбой Азизов ба синни 75 солагӣ расидааст ва ин устод аз ҷониби Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд барои хизматҳои шоёнаш дар ҷодаи тарбия намудани насли наврас ва ба воя расонидани кадрҳои болаёқат бо тӯҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.