Санаи 4-уми сентябри соли 2014 Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд ташриф оварда, бо кормандони ин коргоҳ вохӯрӣ доир намуд.

Дар ин вохӯрӣ 28 нафар шахсони арзанда ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуданд ва дар ин коргоҳ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ташкил гардид. Ҳамзамон Раиси Комиҷроия кулли кормандони коргоҳи мазкурро ба 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатию хонаободӣ, барори кор таманно намуд.