Ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Нозироти андози шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар доир гардид.

Раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ аҳли нишастро бо ин санаи фархунда шодбош намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Артиши миллии кишвар дар шароити ҳассос ва мушкили мамлакат арзи ҳастӣ намуда, бо шарофати ғамхорӣ ва дастгирии пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 25 сол ба нерӯи бузурги ҳимояи марзу бум табдил ёфтааст. Ва оромии ҷомеа ба маҳорату мардонагии фарзандони шуҷои миллат вобастагии калон дорад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ду нафар аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи кумиҷроияи шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд.