Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Исмат Алихонов» ва намояндагони кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» чорабинии илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Паём – раҳнамои имрӯзу фардои мо!» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд – собиқадори ҳизб Файзинисо Ғафурова, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Зеварой Бобоева, фаъолзанон – Директори МСШ № 2 Мирзоҳошимова Гулнора, табиби амрози духтарона Шарифова Дилафрӯз, Мадинахон Салимова – мудири кӯдакистони № 9 баргузор гардид, ки хеле хотирмону ҳадафманд ҷамъбаст гардид.

Паём чун дастурамали ҳидоятӣ мардуми кишвари азизро аз зиндагии шоиста ба шоистатар хоҳад расонд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои илму маориф барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст.

Ин нукта мусаллам аст, ки соли 2017 ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зинда аз 400 млн сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Сифати омодасозии мутахассисони оянда ба дараҷа баланд шудааст. Беш аз 20 театр ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон, нуктаҳои муҳими Паём аз тарафи мудири шӯъбаи кор бо занони КИШ ҲХДТ Зеварой Бобоева хеле густурда ва мушаххас таҳлилу баррасӣ гардид.

Дар васфи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, Пешвои миллат, муқаддасоти миллӣ порчаҳои назмиву насрӣ аз тарафи хонандагон ба тариқи монтажи адабӣ пешниҳод ва қироат карда шуд.

Оид ба бузугрдошт ва таърихи Ҷашни Сада баромади пурмӯҳтавои аъзои ҲХДТ – омӯзгори ҷавони фанни таърих ва ҳуқуқшиносӣ Дилшод Олимов шунида шуд.

Ба толибаҳои ҳунарманд ва фаъол дар ҷодаи бофандагӣ ва тарроҳиву дӯзандагӣ – Бобоҷонова Мижгона ва Ниёзова Дилноза дипломҳои дараҷаи I ва II супорида шуд.

Дар фароварди чорабинӣ Раиси ташкилоти ибтидоии «Исмат Алихонов» Матлуба Мирзохонова аз ташаббусу иқдомҳои маънавиасоси Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми навбатиро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор медиҳанд ва дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дастрасӣ ба он кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.