Воқеан, имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистон, аз оғўши кўҳсорон ва водиҳои сарсабзу хуррам, аз ҳар дару девори сарзамини мо навиди ҷашни фархундаву шукўҳманди Наврўз ба гўш мерасад. Навои рўҳпарвару тарабангези Наврўз бо навои дарёҳову чашмаҳои хурўшон, бо табиати эҳёшуда, бо таърихи пурифтихор, адабу фарҳанги пурғановат ва ҳаёти пурхурӯши мо ҳамсадо гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дуруд мегӯяд.

Бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҲХДТ ва мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабинии наврӯзӣ баргузор намуд, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ширкат варзида, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати иди Наврӯзи байналмиллалӣ табрику муборакбод намуд.

Дар чорабинӣ пухтани суманак, дастархони идона ташкил карда шуда, баҳри болидахотирии кормандони соҳаи энергетика барномаи консертӣ намоиш дода шуд.