Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон омада, таърихи беш аз 1500 сола дорад. Аҷдодони мо онро зимни бардоштани ҳосил таҷлил мекарданд. Дар ин рӯз барзгарон табли шодӣ зада, шукронаи тинҷиву амонӣ намуданд. Дар доираи таҷлили ин ҷашн санаи 19-октябри соли 2019 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”-и шаҳри Хуҷанд  бо ҷамъи аъзоёни фаъол ҷашни аҷдодии Меҳргон таҷлил карда шуд. Дар чорабинии тантанавӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Тоҷибой Султонзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва муовини Раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат рунбоева ширкат намуда, аз хаймаҳои оростаи ташкилотҳои ибтидоӣ  дидан намуданд.

Меҳмононро аъзоёни фаъол дар назди хаймаҳои оростаи худ бо шеъру гуфторҳо ва суруду саҳнаҳо дар васфи ҷашни аҷдодии Меҳргон ва расму оини хоси ин ҷашни қадимаи мардуми куҳанбунёди мо истиқбол гирифтанд.

Дар хаймаҳо  маҳсулоту полезиҳо ва заҳмати марди деҳқон, ки хоси ҷашни Меҳргон ва рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад, ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, дар як гӯшаи макони чорабини молу маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили сабзиву картошка ва пиёзу гӯшт ба фурӯш гузошта шуда, кормандону устодон бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Меҳргон дар баробари иди ҷамъоварии ҳосил, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Ин ҷашн рўзи 16- и меҳр, ки онро рўзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад.

Дар қисмати расмии чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур, ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода баромад намуда, иброз дошт, ки боиси сарфарозист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба Иди фархундаи Меҳргон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамчун иди миллии мардуми ориёитабор дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Дар идома намояндагони МИҲД вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд номаҳои шодбошии роҳбарони вилояту шаҳр ва кумиҷроияи шаҳриро  ба истиқболи ҷашни аҷдодии меҳргон ба самъи иштирокчиён расониданд.

Ҳамчунин хаймаҳои оростаи шаш ташкилоти ибтидоии КИИ аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ гардида, ғолибон бо маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.

Барномаи адабӣ-фарҳангии дастаи ҳунарии созиву овозии “Ошёни меҳр” пешкаши иштирокдорон гардида, чорабинии тантанавӣ зери суруду мусиқии ҷаззоб ва рақсу шодии аъзоёни фаъоли ҳизб ба анҷом расид.