Халқи азизи кишвар 28 сол қабл аз ин 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти худро эълон дошт. Ин рӯзи хуҷастаро мардуми мо садсолаҳо орзую умед мекард. Зеро Истиқлолият ба мардуми тоҷик неъмати бебаҳои дунё - озодиву сарфарозӣ ва пойдориву сарсабзӣ ато намуд. Дар саргаҳи ин неъмати бебаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари давлати миллӣ, меъмори сулҳу Ваҳдат қарор доранд. Маҳз ба шарофати Истиклолият таҳти сарварии хирадмандонии Президенти мамлакат Тоҷикистон ба дастовардҳои беназири сиёсиву фарҳанги соҳиб шуд, обрӯю эътибори байналхалқии кишвари тоҷикон боло рафт. Халқи кишвар бо шукругузорӣ аз Истиқлолияти давлати ва сулҳу Ваҳдати миллӣ барномаи азими азнавсозиҳоро амалӣ мегардонад.

         Яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлат соҳаи маориф буда, он чун пояи асосии давлат муаррифӣ шудааст. Зеро таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи олам ба мисоли Ҷопон, Чин, Амрико, Олмон ва Куриёи Ҷанубӣ  собит намуданд, ки маҳз диду назари хосса ба ин соҳа  онҳоро пешрав ва муваффақ гардонд.

         Дар кишвари тозаистиқлоли мо низ давра ба давра ба рушди соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Агар то замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҳамагӣ 13 муассисаҳои олӣ фаъолият дошта бошанд, пас ин рақам имрӯз ба 39 адад мерасад.

         Пешвои муаззами миллат ҳамасола шахсан дар оғози соли нави хониш ва Дарси сулҳ меҳмони ин ё он муассисаи олии кишвар гардида, дар расми ифтитоҳи чандин иншоотҳои соҳаи маориф ширкат меварзанд.

Рисолати макотиби олиро дар яке аз баромадҳои пурмӯҳтавои худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан муайян карда, аз ҷумла зикр намудаанд: «Мактабҳои олии кишвар вазифа ва масъулияти бузургро ба зимма доранд, ки он таълиму тарбияи насли фидокору варзида ва ватанхоҳу миллатдӯст аст. Зеро боз ҳам обод гаштану сарсабзии Тоҷикистон бо саъю кӯшиш ва нерӯи созандагию бунёдкории онҳо муяссар хоҳад шуд». Таъмини иҷрои ин ҳидояти созандаи Пешвои муазами кишвар аз ҷомеаи устодону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ҷидду ҷаҳд ва саъю талоши зиёдро тақозо мекунад. Хушбахтона, туфайли дастгирии ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таҳсил, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд як зумра корҳо ба сомон расиданд.

Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода шахсан дар остонаи моҳвораи ҷавонон соли гузашта бо ҷомеаи меҳнатии ҳамаи муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду самимӣ ороста, дар баробари ошноӣ аз дастовардҳои илмиву истеҳсолӣ барои таҳким ва рушд бахшидани фаъолияти минбаъда дастуру ҳидоятҳо доданд. Иштироки муҳтарам Раиси вилоят дар расми ифтитоҳи чандин иншоотҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон худ нишонаи таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ ба илм ва маънавиёт аст. Ҳамин гуна таваҷчуҳ аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода равшан ба назар мерасад.  Ҳамасола аз буҷаи шаҳр ҷудо гардидани маблағҳо барои бунёди иншоотҳо, ташкили кабинетҳои фаннӣ бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масъалаи тақвият бахшидан ба тарбияи кадрҳои болаёқат, омода намудани заминаҳои моддиву техникии тадқиқоти илмӣ, ҳамкории бахшҳои илму маориф ва пайвастани илму истеҳсолот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва дар амри амалӣ шудани ин ҳадафҳо бевосита саҳмгузорӣ менамояд.

Дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифта, ҳамкории доимии олимону устодон бо сохторҳои илмиву таълимии кишварҳои ҷаҳон тавсеа меёбад ва барои истифодаи технологияҳои нав ва дастовардҳои пешқадами илмӣ имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад.  

Хеле хушоянд аст, ки қисми бештари аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро коркунони соҳаи маориф ташкил намуда,  ҳамаи 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбии ҳудуди шаҳр ба соҳаи илм ва маориф нигаронида шуда, вусъати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои онҳо, ки ҷавҳарашонро устодон ва донишҷӯён ташкил медиҳанд, сол то сол тақвият меёбанд. Мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирии сарварони муассисаҳои олии маркази  шаҳр ва шуъбаи маорифи шаҳр эҳсос мекунем ва барои густариши робитаҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.    

Президенти кишвар борҳо дар баромадҳояшон таъкид медоранд: «Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки таҳкими Истиқлолият ва давлатдории миллӣ танҳо бо дониши комил, ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватанпарастӣ, дарки масъулияти ватандори муяссар мешавад». Бо ҳамин орзу ва ниятҳои нек иҷозат фармоед ҳар яки Шумо, дар шахси Шумо наздикону пайвандонатонро бо фаро расидани иди саид- Рӯзи Дониш ва оғози соли таҳсили нав аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар кору таҳсил ва фаъолияти илмию омӯзгориатон равнақу барорҳо таманно мекунем.

Ҷашн муборак, дӯстони азиз!