Ба ифтихори таҷлилии Рӯзи модар бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аёдати собиқадорони меҳнат, занони кӯҳансол ва беморон ба роҳ монда шуд. Дар ин аёдат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва кормандони кумиҷроия даҳ нафар занон Ҳамро Тоҳирова, Инобат Маҳмудова, Муҳаббат Раҳимова, Монат Розиқова, Муҳтарам Зоидова, Қумринисо Раҷабова, Нуринисо Шамсидинова, Онаой Раҷабова, Муътабар Ҷалилова ва Тӯтинисо Турсуноваро аёдат намуданд. 

Зимни аёдат раиси кумиҷроияи шаҳрӣ бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрику муборакбод карда, барояшон дар ин рӯзи муборак ва ҳама рӯз тандурустиву саломатӣ, бахту иқболи нек, сарфарозӣ, равнақу барорҳои тозаи кор ва рӯзгори обод таманно намуд.