Дар доираи нақша-чорабинии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон оғоз ёфта, рӯзи гузашта вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳои шаҳр мулоқот доир намуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз бахшид.

Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади худ асосан дар бораи талаботи қонунҳои кишвар “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан ронда, ҳамзамон таъкид намуд, ки бинобар коҳиш ёфтани таълиму тарбия ва холӣ мондани фазо барои ҷавонон боис шуд, ки якчанд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи кишвар ширкат варзиданд. Мебоист, ки ин нафарон бо меҳнати ҳалолу суботкоронаи хеш паи эъмори давлат ва миллатамон кӯшиш варзанд. Мутаассифона, аз дохили онҳо шахсони ба ҳалокат расида ҳам ҳастанд ва як умр доғ дар синаҳои пайвандон гузоштанд. Номбурда инчунин оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар баромади худ қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ бештар бо мардум наздик шудану фаҳмидани мушкиливу муаммоҳои онҳо, ҳамзамон то ба интихобкунанда расонидани дастовардҳои даврони Истиқлол маҳсуб меёбад. Раиси Кумиҷроия дар баромади худ аз татбиқи мувафаққонаи се ҳадафи стратегии кишвар ҳарф зада, зикр дошт, ки алҳол ба хотири боз ҳам зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо пешниҳоди Сарвари давлат саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Номбурда дар идомаи суханронии худ аз тадбирҳои созандаи давлаит ва Ҳукумати иҶумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, гуфт:  ”Танҳо зимни сафари охири худ Роҳбари Давлат дар шаҳри Хуҷанд 9 иншооти таъиноташ гуногунро мавриди истифодабарӣ қарор доданд. Гузашта аз ин ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёду азнавсозии 510 иншооти иҷтимою иқтисодӣ, маданию фарҳангӣ бомаром идома дорад. Аллакай 50 фисади иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд ва зиёда аз ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар фарҷом вакилон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо интихобкунандагон иброз дошта, ҳамзамон таъкид карданд, ки шаҳрвандон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои беҳдошти вазъи иҷтимоии хонаводаи худ кӯшиш варзанд.