(Ё худ об аз куҷо меояд ва дар куҷо истифода мешавад?)
Ба асри 21 инсоният бо фаҳмиши он қадам гузошт, ки яке аз проблемаҳои глобалии ин аср дефитсит ва ифлосшавии захираҳои обӣ мебошад. Маҳз барои ҳамин об яке аз омилҳои аосии инкишофи устувор гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оиди ин масъала як катор чорабиниҳоро гузаронид. Дар байни ин чорабиниҳо ҷои асосиро Саммити СММ (соли 2000) бозид, ки дар он «Мақсади инкишофи ҳазорсола» тарҳрезӣ шуд. Соли 2003 пас аз дар Тоҷикистон ташкил шудани форуми «Об, муҳити зист ва бехатарӣ» сессияи 58-умиАссамблеяи Генералии СММ қарор қабул кард, ки соли 2005-2015 –ро даҳсолаи Байналхалқии «Об барои ҳаёт» эълон кунад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон қариб нисфи захираҳои обии регион маҳфуз аст, давлати мо сиёсати  истифодабарии ратсионалии ин захираи бебаҳои табииро дар ҳамкории муфиди давлатҳои ин минтака ба роҳ мондааст. Ташабуссҳои президентиТоҷикистон Э. Раҳмон вобаста ба проблемаҳои глобалӣ ва регионалии марбут ба об аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, ки ҳоҷат ба овардани он мисолҳо нест.
Масъалаи дар куҷо ба вуҷуд омадану дар куҷо истифода шудани захираҳои обии Осиёи Марказӣ таи чанд соли охир дар тамоми маҷлису машварат ва гуфтушунидҳо оиди истифодаи захираҳои обии дарёҳои  ҳавзаи Арал хоҳ нохоҳ ба вуҷуд меояд. Ҳавзаи баҳри Арал ҳудудест, ки дар он дарёҳои Сиру Ому сарчашма мегиранд. Ҳудуди он 1,8 миллион км квадратиро дар бар гирифта, 80%-ро дашту биёбонҳо ва 20%-ро кўҳҳо ташкил медиҳанд. ҚаламравиТоҷикистон ҳамагӣ 6% територияи ҳавзаи баҳри Аралро ташкил кунад ҳам, лекин 55,4% захираҳои обии ҷоришавандаисолонаи минтака дар ҳамин ҷо ба вучуд меояд. Ман ин рақамҳоро на барои фахри он ки Тоҷикистон чунин захираҳои зиёди обӣ дорад овардам, балки барои он овардам, то академик Абдуллоев фаҳмад, ки Тоҷикистон ҳатто агар хоҳад ҳам заминҳои Ўзбекистонро беоб монда наметавонад, вагарна худ зери об мемонад. Боз як мисоли дигар нишондиҳандаи ҷараёни миёнаи солона дар територияи Тоҷикистон 51,7 км кубӣ аст, бо ибораи дигар ҷараёни миёнаи солонаи давлатҳои Осиёи Миёнаро 100 % гўем, 44% он аз територияи Тоҷикистон шакл мегирад. Худ тасаввур кунед, пас чӣ гуна метавон пеши роҳи ин захирахои бузурги обиро дошт, то ҳамсоякишвари мо беоб монад. Боз як нишондиҳандаи дигар ҷараён миёнаи сатҳӣ аз 1 км квадратӣ дар дар ИДМ ба 197 ҳаз.м3/сол, дар давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна 91ҳаз.м3/сол ва дар Тоҷикистон ба 354ҳаз.м3/сол баробар аст. Ба фикри ман барои таҳлил кардани ин рақамҳо академик шудан лозим нест, танҳо донистани арифметикаи оддӣ ба мо ҳамин воқеиятро аниқу возеҳ ошкор мекунад, ки Тоҷикистон кудрати гирифтани пеши роҳи ин ҷараёни бузургро надорад. Ҳамаи ин сару садоҳои ин академик танҳо ҳангомаҷўи ё сиётсатбозии ўст, ки мехоҳад ягон манфиати шахси ё сиёсӣ ба даст орад.
Биёед аз ҷиҳати илмӣ бубинем, ки захираҳои обии баҳри Арал бо кадом миқдор дар куҷо ба вучуд меоянд (дар як сол ба ҳисоби км кубӣ):

Давлатҳо

Дарёи Ому

Дарёи Сир

                 Хамагӣ

Км.кубӣ

фоиз

Тоҷикистон

62,9

1,1

64

55,4

Қирғизистон

1,9

27,4

29,3

25,3

Ўзбекистон

4,7

4,1

8,8

7,6

Қазоқистон

-

4,5

4,5

3,9

Туркманистон

-

-

-

-

Дигарҳо (Эрон, Афғонистон)

8.9

-

8,9

7,8

Аз дигар ҷониб дар қиёс бо рақамҳои боло дидан лозим аст, ки истифодаи об аз ҷониби давлатҳои ҳавзаи Арал чӣ гуна аст. Дар ҷадвали зер ҳолати истифодабарии об аз рўи рақамҳои соли 1994 (дар 1 сол км.3) оварда шудааст:


Давлатҳо

Ҳаҷми обе, ки дар як сол дар ҳудуди кишвар истифода мешавад.

Ба ҳисоби фоиз дар ҳиссаи оби истифодашаванда

Ба ҳисоби фоиз дар захираи умумии обе, ки дар ҳавзаи баҳри Арал ба вуҷуд меояд (115,6 км.кубӣ)

Қазоқистон

10,9

9,8

9,42

Қирғизистон

5,1

4,6

4,41

Тоҷикистон

12,0

10,8

10,38

Туркманистон

23,9

21,6

20,67

Ўзбекистон

58,6

53

50,69

Ҳамагӣ

110,5

100

95,58

Воқеан ҳам таҳлили ин 2 ҷадвал ба саволи об аз куҷо меояд ва ба кучо сарф мешавад ҷавоб дода метавонад. Лекин ба саволи чаро обро ба сиёсат табдил медиҳанд, ҷустани ҷавоб мушкил аст. Бешубҳа дар бисёр кишварҳои ҷахон захираҳои табиӣ аз қабили нефт, газ, ва ғайраҳо чун фишангҳои муҳими ҳаллу фасл ё худ танзимсозии масъалаҳои сиёси истифода мещавад. Як давлат нисбати давлати дигар блокадади иқтисодӣ эълон мекунад, дигаре роҳи сарҳадгузарашро мебандад, савуми моли кишвари ҳамсояро ба бозораш даромадан намемонад.
Дар Осиёи Марказӣ ҳам ҳар давлат нисбати истифодаи об стратегияи миллиашро бо назардошти манфиатҳои худ ба роҳ мондан мехоҳад. Пўшида нест, ки мавқеи ҷуғрофӣ, манбаъҳо ва истифодабарии оби ин кишварҳо аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад. Қисми асосии захирахои оби ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистону Қирғизистон ба вучуд меояд: 55,4+25,3=80,7! Вале ин ду кишвар аз сабаби кўҳистон будани сарзаминашон ва кам будани заминҳои обёришаванда обро бисёр истифода намебаранд. Обе ки дар НБО истифода мешавад, сарф намешавад ва сифати худро низ гум намекунад, чунки он танҳо дар давр занонидани трубинаҳо хизмат мекунад. Дар 3 давлати поёноб бошад об барои обёрии заминҳои зиёд сарф мешавад ва қисмати ками баргаштаи он сифати паст дорад. Мувофиқи маълумоти соли 2000 ҳаҷми обе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истифода мешуд, 12 км кубиро ташкил медод, ки аз ин боз 5 км кубиаш боз дубора ба дарёвҳо баргашта, сўи Арал ҷараён мегирифт, Ўзбекистону Туркманистон бошанд мутобиқан 58,6 ва 25,3 ва 2 вилояти ҷанубии Қазоқистон 10,9км кубӣ об истифода мебаранд, ки дар якҷоягӣ 94,8 км кубӣ мешавад. Аз инҷо бармеояд, ки ҳаҷми пайдоиш ва истифодаи захираҳои об дар ин кишварҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Ва ин бояд ҳангоми муайян кардани ҳиссаи ҳар кишвар дар начоти баҳри Арал ва аз байн бурдани бўҳрони экологӣ ба назар гирифта шавад.Вақте ки дар Тоҷикистон 55,4% захираҳои обҳои ҷоришавандаи ҳавзаи баҳри Арал ба вуҷуд меояд, чаро ин ҷиҳат ҳангоми муайян кардани сиёсати истифодаи оби минтақа ба назар гирифта нашавад?
Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хама мушкилоти чанги  шахрвандии  солхои  1992 – 1997,  сунъи ташкил намудани бумбасти комуникасиони, аз системаи энергетики берун кардани чумхури  Точикистон аз тарафи давлати  хамсоя, фишори ифротгарии исломи, ранги трансмилли гирифтани нашъачаллоби ва гайра нигох накарда, ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои оби ва гидроэнергетикӣ диққати ҷиддӣ дод.Яке аз унсурҳои  калидии  раванди махсус захирахои обии дарёи Вахш мебошад. Саршавии дарёи Вахш аз силсилакуххои Помир сар шуда, хазорхо сол бо чараёни тезоби худа синаи куххоро бурида морфологияи релефро барои  сохтмони даххо неругоххои баркии оби аз тарафи табиат тайёр намудааст.
Таърихи навтарин нишон медихад, ки чумхурии Точикистон ва доимо оиди танзим ва идоракунии оби дарёхо дар натичаи маслихати дастачаъмона  буд ва мемонад. Дар мохи июни  соли  2005  дар  пойтахти мамлакат  ш.Душанбе  конфоронсии  байналмиллали  дар  мавзуи  «Об барои хаёт»  дар даврахои  2005 – 2015 дар сатхи баланди байналхалки шуда гузашта буд. Оби ошомидани шарти асосии мавчудияти хаёт ба хисоб рафта элементи асосии биосфера мебошад. Дар айни хол дар руи сайёраи мо зиёда аз 2, 5 млрд нафар ахоли аз оби ошомидани танкиси мекашанд. Бо зиёд шудани ахолии руи замин мушкилоти мазкур аз он хам тезу тунд мешавад.
Президенти чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар баромадхояшон  чандин маротиба изхор намуда буд,ки кимати оби ошомидани  аз нархи газу нафт, ангишту дигар манбахои энергия  кам нест. Дар партави хамин изхороти Президенти Точикистон СММ  дар Ассамбляи Генералии 18 уми  худ соли 2003 – ро соли оби ошомидани  эълон  намуд, ки онро тамоми давлатхои руи  чахон дастгири намуданд.
Яке аз хусусиятхои Осиёи Маркази нобаробар таксимшавии захирахои энергетики мебошад. Агар давлатхои   поёноб  Узбекистон, Казокистон ва Туркманистон аз захирахои энергетики газ ва нефт бой мебошанд, Точикистону Киргисизтон он захирахои энегетикиро кариб, ки надоранд. Аз тарафи дигар Точикистон ва Киргизистон потенсали бузурги захирахои оби энергетики доранд. Дар дахсолахои охир ба захирахои оби энегетикии Точикистону Киргизистон давлатхо ба монанди Русия ШМА, Хитой   Эрон диккати худро чалб намудаанд. Роли  об  дар  иктисодиёти  давлатхои поёноб  Казокистону Узбекистону Туркманистон барои обёрии заминхои кишоварзи роли  мухимро  мебозад . Об барои Точикистоу Киргизистон ягона захирахо эенергетики ба хисоб меравад. Неругоххои оби асосан бо ду меъёр фаъолият мекунанд, ки он якум  меъёри ирригасион ва дуйум меъёри энергетики ба хисоб мераванд. Дар фаъолияти меъёри ирригасиони обро дар фасли тобистон аз обанбохо барои обёрии заминхои кишти давлатхои поёноб кариб пурра равона мекунанд. Дар обанборхои Киргизистону Точикистон об аз меъйёр кам мемонанд ва дар фасли тирамох аз сабаби паст омадан харорати хаво обро чамъ карда наметавонанд.Аз сабаби нобаробар ва гайри одилона   таксимшудани об дар байни давлатхои Осиё Миёна  Чумхурии Точикистон  дар даврони Шурави ба чои об захирахои сузишвори ба мисоли нафту газ ангиштсанг ва  дигар захирахои модди – техники мегирифт ва химояи ичтимоии ахоли чумхури ба хисоб мерафт.       
Бинобар ин, дар замони муосир таксимтоти об байни давлатхои Осиёи Маказиро Точикистон ноадолатона мешуморад, ки он ба манфиатхои милли ва чамъият чавобгу намебошад. Аз хамин сабаб бояд таксимоти об илман асоснок карда шавад. Мушкилоти таксими оби дарёхои транссархади то хол боки мондааст. Сохтмони  «бахрхои тиллои»  дар пастии Сарикамиши Узбекистон ба монанди обанбори Коксарой  (Айдаркул ва Арнасой  филтрасияи калони  об дар  канали Туркманбоши), ки  аз  оби бахри Арал чамъ шуда зиёд аст начоти Аралро  ба ояндаи хело дур гузоштааст. Аз аввали соли  1960 сар  карда  тамоюли паст гардидани оби сатхи оби бахр намудор гардид.  Дар  соли 1950  бахри Арал аз руи сатхи майдони об, ки  он ба 68 хазор км квадрати, дарозиаш 426 км ва бараш 284 км – ро ташкил медод,  дар чахон  чои чорумро ишгол мекард. Аз сабаби аз меъёр зиёд гирифтани оби ду дарёи бузург  барои обёри ва истифодаи гайриокилонаи  он  дар  сохахохои  гуногуни  хочагии халк  кисми зиёди бахри Аралро   ба  биёбон табдил доданд ва онро  пурра  фалокати  экологи номидан мумкин аст. Хозир барои таъмин бо об заминхои киштзорхои  пахта ва шоли  кариб тамоми оби  Сир – дарё  ва  Ому дар худуди Узбекистону Казокистон   пурра сарфа  мегардад ва ба делтаи дарё  яъне ба бахри Арал об тамоман чори намешавад.
Ташкилотҳои байналхалқи чандин даҳсолаҳо пеш сабабҳои фалокати баҳри Аралро аз ҳисоби зиёд кардани заминҳои обёришаванда ва пеш аз ҳамакишти якказироатчигӣ – пахта медиданд.

Албатта  халли онро дарёфт намудан мумкин аст, яъне ба чои зиратхои наммидуст  пахтаро ба гандуми тирамохи иваз намудан  мебошад.  Аммо  мутаасифона ду давлати  истифодабарандаи асосии   обхои дарёхои  Ому ва Сир  Узбекистон ва Туркманистон барои ба хорича ба фуруш баровардани  нахи пахта заминхои кишти онро торафт зиёд карда истодаанд. Президенти Ўзбекситон дар бисёр баромадҳои худ ба фоҷиаи баҳри Арал иншоотҳои гидротехникии давлатҳои болообро айбдор мекунад. Барои таблиғи ин идеологияи худ бо ном чорабиниҳои байналхалқӣ гузаронгида, ба он пули зиёд сарф мекунад. Лекин ин миллионҳо доллар дар муқоиса бо он, ки Ўзбекистон дар ин бозиҳои таблиғотӣ бурд мекунад ҳеҷ аст: вай вақтро мебурад. Бояд Ўзбекистон ин бозиҳои ғайриқонуни худро бас карда, дар истифодаи самараноки оби ҳавзаи баҳри Арал бо давлатҳои дигари ин минтака ҳамкорӣ кунад, майдони пахтазорҳои худро кам кунад ва охири охирон ба реконструксияи  системаи каналхои обёрикунандааш, ки кайҳо фарсуда шуда, сарфи зиёди беҳудаи обро ба вуҷуд меорад шурўъ кунад.Ба хама маълум аст ва хатто ба одами гайри мутахасасис баръало ба чашм намоён аст, ки аз системаи обёри ба хоку куми заминхои гурду атроф а чи кадар об  бехуда филтрасия мешавад. Лекин Ўзбекистон барои вақтро кашол додан манфиатдор аст ва дар ин ҳолат вай давлати чорумини калонтарини ҷаҳон аз рўи истеҳсоли пахта боқӣ монда, 26% даромади буҷети худро аз рўи экспорти пахта пур мекунад, ҳарчанд бо арзиши фалокати баҳри Арал, ҳаёти садҳо одамон ва бад шудани саломатии миллионҳо аҳолии минтақа бошад ҳам. Аз ин ҷо бармеояд, ки долларҳои пахта барои онҳо қиммттар аст, нисбати ҳаёти миллионҳо одамоне, ки дар минтақаи фоҷиаи экологии баҳри Арал зиндаги мекунанд. Агар Ўзбекистон дар рўихати истеҳсолкунандагони пахта аз ҷои чорум ба ҷои 15 –ум ё 20-ум мефаромад, он гоҳ дар беҳдошти ҳолати экологии ин минтақа тағйиротҳои назаррасе ба миён мемаданд. Ба ғайр аз ин агар вай ба корҳои барқароркунии системаҳои обёрикунии давлати худ ҷиддӣ машғул мешуд, сарфи об аз 50% имрўза ба 5-10% мерасид ва он гоҳ ба ташвишҳои президент Каримов оиди оқибатҳои экологии баҳри Арал бовар кардан мумкин буд.
Вақте, ки сухан оиди сиёсати истифодаи сарфакоронаи об рафт, чунин саволе ба вучуд меояд, ки об дар минтақа ва аз он ҷумла дар Ўзбекистон дуруст истифода бурда мешвад? Масъалаи имрўзаи асосии ҷомеаи чаҳонӣ ин таъмини бехатарии озуқавории давлатҳо аст, на таъмин бо пахта. Ҳарчанд он низ муҳим аст, лекин на аз ҳисоби фоҷиаи экологии минтақа. Барои чӣ Ўзбекистон ба кризиси баҳри Арал ва проблемаҳои дигари минтақа ва проблемаҳои иқтисоди-иҷтимоии худ нигоҳ накарда аз сиёсати якказироатчигии худ даст намекашад. Ва ягон ташкилотҳои байналхалқӣ ва  ҳукумати давлатҳои ин регион кукшоду равшан ба Ўзбекистон намегуяд, ки ин сиёсати Ўзбекистон бар зарари на танҳо аҳолии худи Ўзбекистон, балки бар зарари аҳолии тамоми ин минтака аст ва хуб нест, ки дар ин ҷо барои манфиатҷўи боз сиёсати иғвоангези миллиро ба кор меандозад.
Ҳоло мехостам дар асоси як катор сарчашмаҳои байналхалқӣ оиди истифодабарии ғайриоқилонаи об дар Ўзбекистон дар муқоиса бо дигар давлатҳо орам:
Ўзбекистон ва 54 давлати ҷаҳон.
Барои муқоисаи шароити истифодаи об аз рўихати давлатҳои заминҳои обёришавандаи зиёд дошта, аз сайти ФАО ва дигар сарчашмаҳо 54 давлат гирифта шуд (Малайзия, Эфиопия, Нигерия, Камбоджа, Малӣ, Сомалӣ, Изроил, Танзания, Лаос, Зимбабве, Замбия, Сенегал, Мозамбик, Тимор, Муғулистон, АМА, Иордания, Қатар, Қувейт ва ғайраҳо), ки заминҳои обёришавандаи ҳамаи ин 54 давлат дар маҷмўъ аз заминҳои обёришавандаи  танҳо як худи Ўзбекистон кам аст. Агар  Ўзбекистон 4,5 млн. га (мувофиқи маълумотҳои ғайрирасмӣ ин нишондиҳанда кайхо аз 5 млн. га гузаштааст)заминҳои обёришаванда дошта бошад, ин 54 давлат дар маҷмуъ 4,1 млн.га заминҳои обёришаванда доранд. Ин давлатҳо дар минтақаҳои Осиё ва Африка, яъне дар он минтақаҳое ҷойгир шудаанд, ки шароит барои обёрикунии заминҳо, нисбат ба Ўзбекистон чандин маротиба номусоид аст. Ба ғайр аз ин, агар аҳолии Ўзбекистон 28 млн. нафарро ташкил диҳад, аҳолии ин 54 давлат 800 миллион нафарро ташкил мекунад.Мувофиқи маълумотҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ дар соли 2008, агар 88% аҳолии деҳоти Ўзбекистон бо сарчашмаҳои хуби обтаъминкуни таъмин бошад, аҳолии деҳоти ин 54 давлат дар мачмуъ ҳамагӣ 63% таъмин буданд, ки аз нишондиҳандаи Ўзбекистон 25% паст аст. Ҳатто дар Тоҷикистон, ки ин неъмати худододи табиӣ бениҳоят зиёд аст, бообтаъминкунии аҳолии деҳот 61%-ро ташкил мекунад, ки аз нишондиҳандаи Ўзбекистон 27% паст аст. Истифодаи об барои обёрикунии заминҳои хоҷагии кишлоқ дар ин 54 давлат 55,8 км. кубиро ташкил диҳад, дар Ўзбекистон ин нишондиҳанда ба 58,6 км.кубӣ баробар аст. Ин нишондиҳандаҳоро муқоиса карда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки далелҳои Ўзбекистон оиди бад шудани обтаъминкунии аҳолии деҳот ягон асос надорад. Ба ғайр аз ин изҳороти шахсони масъули Ўзбекистон оиди истифодаи ратсионалӣ ва эффективноки захираҳои обӣ ба ҳакиқат мутобик нетсанд. Дар маҷмўи давлатҳои дар боло номбаршуда аҳолии машғул дар хоҷагии қишлоқ нисбати Ўзбекистон якчанд мароитиба зиёд аст, табиист, ки маҳсулнокии хоҷагии қишлоқ ва эффективнокии истифодабарии об низ дар ин давлатҳо нисбат ба Ўзбекистон якчанд маротиба беҳтар аст.
Мувофиқи маълумоти соли 2005 дар Ўзбекистон 800 ҳазор га замин зери обанборҳои колекторӣ – дренажӣ банд буданд. Яъне дар тариторияи Ўзбекистон дар масофаи 800 ҳазор гегтар обанборҳои сунъӣ аз ҳисоби истифодабарии ғайриоқилонаи об ба вучуд омададааст. Мукоиса кунед масоҳати заминҳое, ки зери обанборҳои коллекторӣ-дренажӣ мондаанд, аз масоҳати заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон (7,5 ҳазор га ) калон аст. Аҷиб аст, ки Ўзбекистон бобати ин обанборҳои сунъӣ, ки ҳар сол даҳҳо км кубӣ об гум мешавад (беҳуда сарф мешавад) чӣ чора меандешида бошад. Наход Ўзбекистон фикр кунад, ки минбаъд низ оби беарзишро ба ин обанборҳо равона кунад, ки дар он ҷо беҳуда бухор мешавад.
Ба ғайр аз ин маълум аст, ки дар територияи Ўзбекистон 450 каналҳои магистралӣ ва зиёда аз 400 коллекторҳо бо дарозии зиёда аз 160 ҳазор км.ва майдони умумии1150км. квадратӣ мавҷуд аст. Дар бисёрии ин каналҳо ва коллекторҳо аз давраи Шўрави инҷониб корҳои таъмирӣ гузаронида нашудааст ва бинобар ин аз 40% то 70%-и обҳое, ки аз он мегузарад, байни қумҳо меравад. Бинобар ин хуб мебуд, ки ба чои фаъолияти бардурўғи таблиғотӣ Ўзбекистон ба беҳтар кардани системаи ирригатсионӣ ва мелиоратсионии худ ва дар ин асос бехтар кардани шароити экологӣ ва нигоҳдошти захираҳои обиву заминӣ барои наслҳои ояндаи давлат ва минтақа саҳмгузор бошад.

 

Мӯминҷон Аминов номзади илмҳои география
Мавҷуда Ҷӯраева устоди ДДХ
ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров