Дар арафаи ҷашнгирии 78-умин солгарди иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов аёдати заҳматкашоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ содиқона меҳнат карданд, Самия Азизова, Марҳамат Бобоҷонова Бибифайзӣ Қодирова, Қутфинисо Раҳмонова Фотима Шукурова ва Маҷет Шириновро ба роҳ монд.

Зимни суҳбат бо матиниродагони даврони солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр гардид, ки гиромидошти хотири қурбониён ва қадршиносӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои онҳо ва фидокорони меҳнати ақибгоҳ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ҳизбиёни шаҳр низ дар ин раванд тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.

Аёдатшудагон зимни сӯҳбат аз дастгирию ғамхории давлату ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори шодмонӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои шаҳр тамоми хизматчиёни ақибгоҳ ва дигар шахсони ба инҳо баробаркардашуда аёдат карда шуда истодаанд ва хизмати ин родмардони Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.