Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз санаи 28 декабри соли 2018 таҳти №33, барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №40 ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯриву мулоқотҳо бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр баргузор гардида истодааст. Чунин мулоқот санаи 5-уми январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Сараввал мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Хуҷанд  доир ба паҳлуҳои Паём изҳори андеша карда, иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамешагӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян гардиданд.

Сипас, Раиси ташкилоти ибтидоии “Агроинвестбонк” ба нуктаҳои асосии Паёми Президент ташреҳ бахшид.