Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастуру супоришҳои мақомоти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар қисми низомии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқоти озод бо афсарону сарбозон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, барои содиқона ва софдилона адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба сарбозони қисми низомӣ, ки хизматро адо намуда истодаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Зимни сӯҳбат қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи марзу буми мамлакат, оромиву осудагии мардум ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ нақши шоиставу мондагор доранд.

Мояи ифтихор аст, ки ҷавонони худшиносу меҳандӯсти мо имрӯз сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон - Тоҷикистон гардидаанд ва баҳри муҳофизати Ватан содиқонаву софдилона хизмат намуда истодаанд.

Иброз гардид, ки маҳз бо шарофати талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд се нафар сарбозоне, ки айни замо хизматро адо намуда истодаанд бо Сипоснома ва волидайни онҳо бо Раҳматнома сарфароз гардонида шуданд.