Ҷаласаи навбатии кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд.

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарѓиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Аҳрорҷон Убайдуллоев ширкат ва баромад намуд.

Номбурда бобати нуктаҳои дар Паём зикргардида андешаҳои худро баён дошта, таъкид намуд, ки тамоми натиҷаю дастовардҳои кишвари мо маҳз бо саъю талош ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Иҷроиши ҳамаи ҳадафҳои стратегӣ ин худ дастовардест, ки дар саҳифаи таърихи навини давлатдории тоҷикон абадӣ нақш хоҳад баст.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода дар суханронии худ бобати дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои минбаъда, ки омили ба марҳилаи нави рушди тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангӣ расидан маҳсуб меёбад, таъкид намуда, зикр намуд, ки барои амалӣ гаштани ин супоришҳо тамоми кормандони мақомоти омор саъю кӯшиш хоҳанд кард.