Бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» мудири шўъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева бо донишҷўёни Донишгоҳи давлатии давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзўи «Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ» вохўрӣ доир намуд.

Дар вохўрӣ сўҳбати озоду мубодилаи афкор бо ҳусни тарафайн дар ҳалли муаммои сиҳатии ҷомеа матраҳ гардид. Дар охир натиҷаи пурсиши афкор таҳти унвони «Тозагӣ –гарави саломатист» ҷамъбаст гардид.