Мулоқоти навбатии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Сӯҳробҷон Самадов ва Мубина Хоҷаева бо интихобкунандагон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани вохӯрии мазкур муаррифии номзадҳо ба вакилӣ ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо буд.

Шахсони бовариноки номзадҳо онҳоро ба интихобкунандагон муаррифӣ карданд. Дар идома Гулбаҳор Назирӣ, Сӯҳробҷон Самадов ва Мубина Хоҷаева барномаҳои пешазинтихоботии худро фаҳмонида, баён доштанд, ки дар сурати соҳиб шудан ба боварӣ ва овози интихобкунандагон ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.