Дар толори идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи касбии энергетикҳо бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барқчиёни шаҳрро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаи афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, омили рушди истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи суботи иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад ва бидуни пешрафти он ягон соҳаи хоҷагии халқ, беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва рўзгори ободу осудаи мардумро тасаввур кардан амри маҳол аст. Аз ин хотир масъулияти кормандони ин соҳаи воқеан ҳаётофар дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, рўшании ҳар хонадон, ободию чароғонкунии кўчаю маҳалла ва шаҳру диёр равнақи ҳамаи соҳаи истеҳсолию ғайри истеҳсолӣ бениҳоят бузург аст.
Зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки Тоҷикистони азизамон туфайли иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузорад ва дар роҳи амалишавии ҳадафҳои стратегии худ дар марҳилаи рушди босуръат қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Пешвои муаззами миллат дар самти таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, дар кишвари азизамон то ин замон садҳо иншоотҳои гуногуни энергетикӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, бунёд ва ба кор андохта шудани агрегати якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии “Сангтўда-1”, “Сангтўда-2”, “Помир-1”, неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон”, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳи барқӣ ва хати интиқоли барқи 500 киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, кашидани даҳҳо хатҳои интиқоли барқии 220 киловолта ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи САSА-1000 аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.
Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми 5 соли охир ду зеристгоҳи барқӣ, яке дар соҳили рости шаҳр бо номи “Ваҳдат” ва дуюмӣ дар соҳили чапи шаҳр бо номи “Темурмалик” бунёд гардида, ҳамзамон системаи барқтаъминкунии шаҳр тариқи “Биллингӣ” ба роҳ монда шуд, ки давоми амалишавии тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ҳамаи ин тадбирҳо буд, ки имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо қувваи барқ пурра 24-соат таъмин буда, дар кишвари азизамон аллакай заминаи воқеии расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ амалӣ гардидааст. Бо қаноатмандӣ изҳори назар кард, ки тайи 4-5 соли охир байни шабакаҳои барқтаъминкунии вилояту ҷумҳурӣ, шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд беҳтарин ташкилоти барқтаъминкунӣ бо дарназардошти ҳамаи нишондиҳандаҳо ба ҳисоб рафта, имрўз шоистаи ифтихори ҳар як корманди ин ташкилот мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори умедворӣ намуд, ки кормандони шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд нишондиҳандаҳои баланди меҳнатии худро минбаъд низ дар сатҳи беҳтарин нигоҳ дошта, барои таъмини сокинони шаҳр бо қувваи барқи сифатнок ва ба роҳ мондани хизматрасонии хуби техникӣ фаъолияти худро идома хоҳанд дод.

Сипас, мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи энергетикҳо ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: “Боиси ифтихор аст, ки санаи 16 ноябри соли 2018 агрегати якум ва санаи 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд ва нури раҳмонӣ ба ҳар хонаводаи тоҷику тоҷикистониён ворид гардид.

Бояд таъкид кард, ки сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, он калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа маҳсуб меёбад. Неругоҳ ҷиҳати амалӣ гардондани ҳадафи страгеӣ – расидан ба истиқлолияти энергетики нақши калидӣ дорад. Боиси хурсандист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми кишварҳои ҳамсоя муҳимияти бунёди ин иншооти ҳаётан муҳими Тоҷикистонро барои рушди минтақа дарк ва ҷонибдорӣ менамоянд.
Моҳи августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии «Темурмалик» - 110/10 – кВА бо ду трансформатори иқтидораш 25000 квА дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуда, ҳамзамон таҷдиди НБО «Қайроққум» оғоз ёфт. Баъди таҷдид ва барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» истеҳсоли миёнаи неруи барқ 38 фоиз афзуда, мӯҳлати истифодаи таҷҳизоти он зиёд мегардад.

Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлуба Амонзода ва раиси идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Рустам Пӯлотов низ барқчиёнро бо Рӯзи касбиашон табрику таҳният намуданд.

Сипас, ба як қатор фаъолони соҳа Ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.