Пояи асосии рушди кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобастагии калон дорад. Як бахши муҳими Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба беҳбудибахшии мактабу маориф равона гардида, бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбия, таъмини онҳо бо маводи таълимӣ Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ иқдомҳои хубу шоистаро ҳамасола роҳандозӣ менамояд. Аксияи “Нури маърифат” аз ҷумлаи чунин ташаббусҳо буда, он ҳамасола дар остонаи соли нави хониш дар сатҳи баланд доир карда мешавад.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Олии ҳизб субҳи имрӯз 17 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо ширкати 70 нафар кӯдакони ятими кул ва аз оилаҳои камбизоату ниёзманд, имконияташон маҳдуд аксияи “Нури маърифат” доир карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зимни ифтитоҳи чорабинӣ аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, хоса Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли наврас ёдовар шуда, афзуд, ки  дар сатҳи давлат ва Ҳукумат чандин барномаҳо барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, тақвияти забономӯзии толибилмон қабул шуда, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои донишомӯзии наврасону ҷавонон имкониятҳои хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола доир намудани аксияи “Нури маърифат”  бозгӯи он аст, ки насли наврас ҳамеша дар паноҳи ҳизб қарор дорад. Танҳо насли ояндасозро мебояд, ки хуб таҳсил намоянду барои баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ саъю талош варзанд.

Дар чорабинии мазкур, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров ва иҷрокунандаи мансаби мудири шуъбаи маорифи шаҳр Моҳира Темирова ширкат варзиданд ва дар баромади худ раиси Шӯрои собиқадорони вилоят баён дош, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои мақсадноки роҳбарияти олии мамлакат дар соҳаи илму маориф ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд.

Дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифтааст.

Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба кӯдакону наврасон лавозимоти хониш аз қабили ҷувздон, ручка, дафтар, қалам, албом ва дигар лавозимотҳои зарурӣ тақдим карда шуд.