Бо иқдоми Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори  Китобхонаи вилоятии  оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ маҳфили илмӣ адабӣ таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат”  бо иштироки олимону адибон ва  кормандони китобхона доир карда шуд.

Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси КИВ ҲХДТ зимни баромад кулли иштирокчиёни чорабиниро бо ин санаи мубораку муқаддас табрик гуфта, баён дошт, ки имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Муҳаббат Ӯрунбонва, муовини раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд номаи муборакбодии кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон нақш ва мақоми забон ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро маҳз забон асолати таърихии ин миллатро то замони мо оварда расонд. Маҳз забони ноби тоҷикӣ аст, ки имрӯз мо бо гузашти беш аз 1000 сол аз шеърҳои оламшумули қофиласолори назми оламгир Рӯдакии бузургвор баҳраи беш мегирем.

Дар ин росто ёдоварӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Зафаробод айни муддаост.

 Сарвари давлат бо як руҳияи бузург ва ифтихор аз Ватану Ватандорӣ баён доштанд, ки забони тоҷикӣ – забони шеър аст. Ва инро хориҷиён низ эътироф кардаанд. Бо ин забони ноб дар сайёра наздики 150 миллион нафар муошират менамояд. Садҳо нашрияву миллионҳо теъдод китобҳо ба табъ мерасанд.  Аксари олимони ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар сурати азхуд намудани забони тоҷикӣ, ки онро забони форсӣ- дарӣ низ мегӯянд, шахс ба ҷаҳонӣ маънавиёт бештар ғӯтавар мешавад, аз уқёнуси дуру гуҳари сухан ва сухангустарӣ як ҷаҳон маънӣ ба худ касб мекунад. Пас моро мебояд, ки дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва аз байн рафтани баъзе аз забонҳо асолати забони модарии худро гум накунем, ба он арҷ гузорем, барои поку беолоиши он пайваста талош варзем.

Баъдан директори  Китобхонаи вилоятии оммавӣ  Баҳрои Мирсаидов дар мавзӯи “Масоили вобаста ба таърихи забони тоҷикӣ дар осори Пешвои миллат”, саркитобдорӣ шуъбаи маълумотдиҳӣ – библографии Китобхонаи вилоятии оммавӣ дар мавзӯи “Забони модарӣ – сарчашмаи ифтихори миллат” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Композитсияи адабӣ – мусиқӣ дар иҷрои хонандагони мактаби “Нурафшон” чорабиинро шукуқҳу шаҳомати дигар бахшид.

Ба китобдорони фаъол дар вазъияти тантанавӣ сипосномаву тӯҳфаҳои таъсиснамудаи кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим карда шуд.