Тоҷикистон, Ватани ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат, наздик 28 сол мешавад, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ арзи вуҷудият мекунад, дар идомаи ин солҳо бо паси сар кардани мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, бо талошҳои шабонарўзиву пайгиронаи Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъй дорад, ки сарзаминаш шукуфон ва мардуми меҳанпарасту бофарҳангаш зиндагии шоиста дошта бошад.

Тавре  маълум аст, яке аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳоло бошад, ташаккул ва татбиқи ғояҳои миллӣ чун фармоиши иҷтимоӣ барои ҷомеаи тоҷик ба зарурати таърихӣ мубаддал гаштааст. Дар ҳақиқат имрӯз ҷомеаи шаҳрвандиро як падидаи номатлуб фаро гирифта истодааст, яъне тероризму экстремизм ба дараҷае реша ронда истодаанд, ки ҳар қадар алайҳи ин нобакорон мубориза барем, ҳамон қадар сафи он меафзояд. Ҳоло роҳе, ки барои решакан кардани ин шохаҳо бояд амалӣ гардад, он аст, ки ба решаи онҳо теша зад. Вагарна онҳо ба дараҷае реша медавонанд, ки баъдан  аз байн бурдани он шояд номумкин бошад. Имрӯз вазифаи мо шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳонист, ки бар зидди ақидаҳои ифротии терористон баромада, ҷаҳонро аз ин нопокӣ ваолудагиҳо пок созем. Нагузорем, ки Кабириву кабириён ва дигар наҳзатиҳои бадандешу ифротгар ҳадафи нопокашонро амалӣ созанд.

          Тоҷикистони озоду ободро ҷавонон нерўбахшанду ояндаи дурахшонашро низ онҳо таъмин месозанд. Ман хушбахтам, ки имрӯз ҷавони зодаи истиқлолам ва ин ободиву озодии кишварамро дида бо он меболаму менозам, ифтихор дорам ва сарфарозиҳои ман аз он аст, ки Пешвои миллате дорем, ки ба хотири мо ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус доранд ва манфиатҳои моро бештар ҳифз мекунанд. Ростӣ дар саҳифаи китобе хонда будам, олими барҷаста ва мутаҷориб афзуда, ки хушбахтарин инсонҳо онҳоянд, ки ҷавониашон ба ҷавонии кишвар рост омадааст.

Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳар суханронии худ дар минбарҳои гуногун аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии ин кишвари тозаистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ иштирок намоянд, зеро имрўзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Барои ҷавонон онро талқин менамоянд, ки ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фирефтаи доми “ диндорону исломгароён” и бадхоҳу бадкеш нашаванд. Баракс бар зидди ақидаи онҳое, ки ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ пайвастаанд, андешаҳо ронда эшонро низ аз ин роҳи бебору килеб ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд.

Дуруст аст, ки ифротиёни наҳзати таҳти роҳбарии Кабирӣ хоҳони онро дорнад, ки ба ҳар воситаи миёни мадуми кишвар тарӯиботи дин мекунанд. Аммо ба ҳамаи мо маълум аст, ки дини онҳо, дини қатлу дини куштор аст, зеро онҳо лаънатзадаи Худову бандагонаш гардидаанд. Ва динро аз рӯи ниуоби худ ба мардум талқин менамоянд. Мо бояд донем, ки дини ислом барои наҷот омадааст, на барои  мардумҷудоиву кофир гуфтану тафриқаандозӣ, фитнаангезву қатлу куштор.

 Фарзонаи Эраҷ, омӯзгори кафедраи

барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ