Имрӯз бо муҳаббат, бо садокат, бо матонат, бо иродати бепоён рисолати инсонпарвариашонро чун Президенти кишвар, Сарвари хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар назди халқ, хоса наврасону ҷавонон, ки дар мадди назари хамешагии эшон қарор дорад, ба собит мерасонанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки ҳифзу таҳкими ғояҳои инсонпарварӣ, дасти мадад дароз намудан ба нафаре, ки ниёз ба меҳру муҳаббат ва дастгирӣ дорад, аз фазилатҳои волои инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Дар холе насли наврас аз Ватан,миллат,забону фарҳанги худ меболаду ифтихор мекунад, агар маърифату сабақ омӯзад, аз равандхои солими сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлат огоҳ бошаду ба кадри он бирасад!

Рохандозӣ гардидани аксияи «Нури маърифат», ки аз ташаббус ва иқдомҳои маънавиасоси Ҳизби Халқии ДеомкратииТоҷикистон,ки сарварии онро Асосгузори сулҳу вахдат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯхда доранд, ҳамасола баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии хонандагоне, ки илму маърифат меомӯзанд, назаррас арзебӣ мегардад.

Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хучанд ин иқдомро пайравӣ намуда, зиёда аз 65 нафар толибилмонро бо лавозимоти хониш,сару либос таьмин намуд.

«Ояндаи кишвар аз ҷавонони хештаншиносу меҳанпапрвар ва оқилу доно маншаъ мегирад. Ғамхорӣ нисбати эшон вазифаи аввалиндараҷаи мо-волидайн, пайвандону калонсолон бояд бошад. Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бар он бовар аст, ки Шумо-созандагону бунедкорони навраси мамлакат  аз ғамхорихои падаронаи Президенти кишвар нерӯву илҳоми тоза мегиред ва танҳо бо баҳоҳои «хуб»-у «аьло», интизоми намунавӣ таҳсил намуда ,баҳри ободиву сарсабзии Тоҷикистони азиз ҳиссаи босазо мегузоред,»- иброз доштанд дар баромади хеш Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ.