Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба яке аз шаҳрванди шаҳри Хуҷанд, собибкор Муҳаммадҷон Мухамедҷонов ки барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати саҳм гузоштан дар ободии кишвар ва пешбурди кор ва фаъолияти ҳизб фикру ақидаи худро иброз намуда, ба аъзои нав барои амалӣ намудани барномаи ҲХДТ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ва ташвиқотию тарғиботӣ содиқона хизмат намудан ба Ватан муваффақиятҳоро таманно намуд.