Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 5-уми июн рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният гуфт ва ба се нафар аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар соҳаи экология фаъолият доранд, сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро тақдим намуд. Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба чор нафар шахсони арзанда, ки барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.