Имрӯзҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Соли ҷавонон” маҷмӯи чорабиниҳо таҳти унвони рӯзҳои “Созандагони Ватан” доир гардида истодааст.

Имрўз дар ташкилоти ибтидоии «Андоз пояи давлат» чунин як чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида ҳамаи иштирокдорони чорабиниро ба муносибати Рўзи ҷавонон табрику муборакбод намуд.

Воқеан андоз баракати хазинаи давлат аст. Халқи тоҷик тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилотро бартараф намуда, дар роҳи расидан ба баландтарин ормонҳои давлатдорӣ, аз ҷумла барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ қадами устувор гузоштааст.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Раиси кумиҷроия ба ду нафар ҷавонони фаъол Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд.