Дар кӯдакистони №9-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба фаҳмондадиҳии нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зикр гардид, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат роҳнамо ва саодатномаи миллати тоҷик буда, ба ҳама самтҳо нигаронида шудааст. Ҳамаи ин самтҳо дар умум марбут ба ҳаёти ҷавонон мебошанд. Паёми Пешвои миллат ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳию худшиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва рӯҳияи озодихоҳии ҷавононро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ватани орому обод ва арзишҳои фарҳангии миллати хеш бирасем.

Дар охир аз ҷониби раиси кумиҷроия ба 31 нафар кормандони кӯдакистон, ки қаблан ба кумиҷроияи шаҳрӣ барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуд буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.