Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи  клиникавии бачагонаи вилояти Суғд» -и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ доир карда шуд. Дар кори маҷлис ҳамаи аъзоёни ҲХДТ фаъолона ширкат варзиданд.

Боиси сарфарозист, ки дар хотимаи маҷлис  11 нафар кормандони беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд ба сафи узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дохил гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ Фарҳод Муллоев шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.