Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021  Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва талқини дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ифтихори 25 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии беморхонаи бачагонаи вилоятӣ вохӯрӣ доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Ҳунарманд Мавҷуда Ҳакимова аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои  давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирии ҳунармандон ёдовар шуда, баён дошт, ки маҳз эътибори хосса ба соҳаи ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам овард, ки маҳсули дастранҷи ҳунарманд ба бозор роҳ ёбад. Он имконоте, ки имрӯз ҳунарманди тоҷик дорад, метвонад ба таври шоиста кишварамонро дар арасаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Таъсиси марказҳои омӯзишиву истеҳсолӣ, баргузории озмунҳои гуногун шавқ ва завқи ҷавононро ба ҳунарҳои миллиамон дубора зинда намуд. Дар ин росто саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар таблиғу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ хеле калон аст. Таъсиси маркази омӯзишию истеҳсолӣ барои бонувони хонашин ва духтарон худ шаҳодати гуфтаҳои болоиянд.

Муовини раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрӣ, номзади илмҳои суханшиносӣ Уғулой Умаралиева дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф зада, зикр намуд, ки истиқлолият барои занону модарон шароити хуби кору фаъолият ва рӯзгори пурфайзу бобаракатро эҳё намуд. Дар замони соҳибистиқлолии ватан мақому мартабаи зан-модар дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёфт, ки ин худ далели ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баромади музокирачиён зикр шуд, ки ин ҳама рӯзгори пурсаодат, ваҳдати миллӣ тавассути хизматҳои бесобиқаи Роҳбари давлат насиби ҳамагон гардидааст. Аз ин рӯ, мо-пизишкон бояд шукргузор аз соҳибистиқлолии давлат, сулҳу субот бошем.