Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оиди гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии амалҳои номатлуб, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, фаҳмонидани қоидаҳои  буду бош дар дар давлатҳои хориҷ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо сокинони фаъоли маҳаллаи “Темурмалик” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур аъзои гуруҳи тарғиботӣ - ташвиқотии кумиҷроия шаҳр, муовини сардухтури беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд Саодат Аминҷонова, сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфӣ ва раиси кумитаи маҳаллаи мазкур С.Баротова бобати масъалаҳои дар боло зикршуда суханронӣ намуданд.

Қайд гардд, ки бузургтарин хизмате, ки мо дар ин ҷода анҷом хоҳем дод, ин пеш аз ҳама дар руҳияти худшиносӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар тарбия кардани насли наврас аст. Зеро вазъи ҷаҳони муосир, қудратталабии давлатҳои абарқудрат аз ҳар як шаҳрванди бонангу номус тақозо мекунад, ки ҳушёру зирак бошад, ватанашро сидқдилона дӯст доранд. Фаромӯш набояд кард, ки ҳимояи Ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам фарз асту ҳам қарз. Маҳз адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як ҷавони боору номусро ба далериву мардонагӣ ва расидан ба қадри ҳаёту зиндагӣ, волидайну пайвандон раҳнамун месозад.

Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо байни мардум ин бедор кардани ҳисси масъулиятшиносӣ, меҳанпарастӣ дар қалби ҷавонон, ободкориву бунёдкорӣ дар гирду атрофи маҳалли зист, ҷалби ҷавонон ба сафи артиш, пешгирӣ намудани ҳаргуна корҳои ношоям байни наврасону ҷавонон ва бетарафӣ зоҳир накардан мебошад.