Ба ҳамагон мусаллам аст, замоне дар худуди Тоҷикистони сохибистиклол 8 хизби сиёси ба қайд гирифта шуда, амал мекард. Яке аз ин ҳизбҳо ин ҳизби наҳзат буд. Намедонам, ки чи сабаб шуду ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёсӣ расман ба қайд гирифтанд, ё ин ки дар аввал мардуми тоҷик ба таври кофӣ аз мохияти он бархурдор набуд, ки имрӯз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд. Зеро имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем. Агар ин аср аз як тараф асри ҷаҳонишавию пешравӣ бошад, аз дигар тараф муқовимати шадид бар зидди тероризму экстремизм ба тамоми олам маҳсуб меёбад.

Имрӯз замоневу асре ҳукмфармост, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосила пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд.

Шогирдонашон ва ҳатто худи ин наҳзатиҳо дарбадару бечораи дигар малакатҳо шуда, аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои кишварҳои ғарб чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ. Тамом, вассалом. Исломро мо на бо ташвиқи наҳзатиҳо балки дар он пос медорем, ки имони комил ҳастем ва мусалмонем, дар виҷдону дар имону инсоният.

Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм. Пойдор намудани сулҳу ваҳдат ва ягонии кишвар, устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, шикаст додани қувваи душманоне, ки ҳар лаҳза мақсади аз байн бурдани пешравию тараққиёти миллати моро доранд. Дуруст ба мисоли исёне, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст. Ин ягон ҳодисаи тасодуфи нест. Балки барномаи тарҳрезишудаи наҳзатиҳое, ки имрӯз ба унвони «Давлати исломӣ» фаъолият оғоз кардаанд, вагар чаро дар ҳар фалокате, кис ар мезанад, таҳқиқ накарда аз ҷониби наҳзатиҳо паём меояд, ки гӯиё онҳо аз амалҳои «Давлати исломӣ» мебошад. Ин дар ҳоле, кик асе аз онҳо талаби онро нокардааст, ки гунаҳкоронро дарёфт намоянд.

Дар ҳар масъалае, ки дар миллати мо бо ҳодисаи зишт сар мезанад, албатта дар он дасти ин наҳзатиҳо вуҷуд дорад. Зеро ин нобакорон намехоҳанд, ки Тоҷикистон пеш равад ва ҳадафҳои олии худро амалӣ созад. Ин исёне, ки дар зиндон ба амал омад, нақшаи худи роҳбарияти наҳзатиҳо буд. Вақти сар задани ин ошӯб айнан дар он вақт буд, ки мардуми шарафманди диёр бо сарфарози ба истиқболи кушодашавии аввалин чархаи НОБ – и Роғун ҳиммат баста буданд. Ҳадафи онҳо ин буд, ки ҳама паи ин паёмади номатлуб машкук гардида, кори нерӯгоҳ ба таъхир гузошта шавад. Хушбахтона, ки маҳорати баланди кордониву ҳукми қонунияти кишвар бар ин ҳадафи онҳо зарбаи сахт зада, нагузошт, ки он амалӣ гардад.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба рох монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халк, аз ҳама муҳимаш тинҷчу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш месозанд. ҲНИ ҳамчун ТЭТ эътироф гардида, фаъолияташ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарият ва тамоми намояндагоне, ки аъзои ин азҳоб буданд, бо максади амали намудани максадҳои нопокашон, аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. Ва бо «ғамхории зиёд» нисбати давлату мардуми тоҷик а бо нияти «паймони ногусастанӣ» пайдо намудан, ихтиёрона миёни худ «Паймони милли Тоҷикистон»- ро созмон додаанд. Натиҷа боз ҳамон беҳудагиву мардумфиребӣ ва амалҳои зиддидавлатӣ, халалдор намудани оромии ҷомеа ва тарғибу таҳрик ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ. Нест бод, тероризму экстремизми динии наҳзатиҳо.

Мирхолиқовa Дилaфрӯз, устоди ДПДТТ