Бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар баргузор гардид.

Мулоқотро раиси ташкилоти ибтидоӣ Ф.Муллоев оғоз бахшида оид ба аҳамияти таърихӣ доштани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сухаонронӣ намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ баромад намуда, пеш аз ҳама кормандони беморхонаи бачагонаи вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашнҳои бузург табрику муборакбод намуд. Дар баромади хеш раиси кумиҷроия иброз дошт, ки «Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеъан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати куҳанбунёди тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумумиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустини худро гузошт.

Бо пароканда шудани сохти давлатдории Иттифоқи Шӯравӣ ва заиф гаштани сутунҳои давлату давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низои дохилӣ ба миён омад ва ба хоҷагии халқ ҳисороти зиёдеро ворид сохт. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматиашон маҳрум гашта, қисмате аз онҳо қурбони ин фоҷиаи миллат гардиданд.

Халқи шарифи тоҷик хатари пароканда гаштани давлатро дарк намуда, баҳри фурӯ нишондани оташи ҷангӣ хонумонсӯз ва фалокатбор ҷонбозиҳо кард. Новобаста аз ин халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта ба чунин андешаҳо дили худро тасалли медод.

Бешубҳа Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватани мо фазои нави сиёсиро боз намуда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо саҳифагардон намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеъа мебошад рӯйи кор овард. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ тавлид ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд.

Вакилони халқ бод арки масъулияти бар дӯш доштаашон ба ҷои идоракунии перзиденти – идоракунии парлумониро ҷонибдорӣ карда, дар Иҷлосия якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуда, аксарияти овозҳояшонро ба ӯ доданд ва Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Вакилони халқ Эмомалӣ Раҳмонро бо назардошти қобилияти кордонӣ ва ҳақталошию бомаърифатиаш, бо амри дилу виҷдон ба ин мансаб интихоб намуданд.

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон дилпурона гуфта буд «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хело душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба имконияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанамон ва ҳаёти хушбахтонаи азияткашидаам бовар дорад…».

Иҷлосияи таърихӣ роҳи ба эътидол овардани Ҷумҳуриро тарҳрези намуд ва мардуми Тоҷикистонро барои расидан ба мақсади нек – сулҳу салоҳ ҳидоят намуд.»

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби раиси кумиҷроия ба 17 нафар шахсоне, ки қаблан барои дохилшавӣ ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дода шуд.