Идомаи корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оиди пешгирии ҳодисаҳои терроризм ва экстремизм дар маҳаллаи “Сирдарё” гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сармуҳаррири рӯзномаи Сухани халқ Абдусабур Абдуваҳҳобов бо фаъолони маҳалла оиди мавзӯи зикршуда баромад намуда, чанд мисолҳо аз ҳолати  имрӯзаи мардуми Афғонистон ва  саргузашти шахсоне, ки ба ҳизбҳои ифротӣ дохил шуда, пушаймон ҳастанд нақл кард. Ҳамзамон мавсуф дар суҳбат бо сокинони маҳалла даъват ба амал  овард, ки ҳамҷоя бо шумо  мо метавонем, пеши  роҳи ходисаҳои номатлубро гирем. Аз фаъолони маҳалла даъват ба амал овард, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маҳаллаҳо ба ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва аз оқибатҳои нохуши терроризм ва экстремизм ҷавононро ҳушдор намоянд.

Ҳамчунин ин гуна вохӯриҳо дар маҳаллаи “Шарқ” ва “Сари баландӣ” бо аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Муродхон Мамадов ва Уғулой Умаралиева баргузор гардид.