Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳи оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 ва дар асоси фармоиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ байни мардон ва бонувон аз санаи 29 то 31 июли соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сирдарё оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур ду даста аз вилояти Суғд, 2 даста аз вилояти Хатлон, 2 даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъ 22 нафар варзишгарон иштирок намуда истодаанд, ки 8 нафарашон бонувон мебошад. Мақсад аз баргузори мусобиқа тарғибу ташвиқи волейболи соҳилӣ байни мардон ва бонувон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳайё Маҳмудова, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, намояндагони мактабҳои варзишии бачагон ва наврасони вилоят ва шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

www.khujand.tj