Воқеаи нангине, ки чан рӯз қабл дар кишвари мо рух дод, бори дигар моро ҳушдор менамояд, ки нисбати тақдири давлату миллати худ бетараф набошем. Онҳое, ки имрӯз дар пардаи ислом худро пинҳон мекунанду бо номи ислом ба корҳои ношоиста ва кирдорҳои номатлуб даст мезананд, кӯшиш мекунанд, ки обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми воситаҳоро истифода намоянд. Рафтори ноҳавонмардонаи ашхоси шомил ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки чор нафар сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд,  ба иззату шаъни инсони комилу солимфикр созгор нест.  Онҳое даст ба чунин куштори ваҳшиёна заданд, ки  ҳадду андозаи инсонигариро намедонанд,  лоиқи номи инсонӣ нестанд.

     Мо, омӯзгорон - кормандони филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи  ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар пайгирӣ аз Муроҷиатномаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чунин рафтори ношоиста ва ваҳшиёнаи афроди ҷиноятпешаро ҳамаҷиҳата маҳкум мекунем. Бахусус, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу созанда, бунёдкорона ва хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса пайдо намудааст, бо боварии комил зикр менамоем, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи ин сиёсати созанда боз ҳам муттањҳидтар гардида, ба хотири ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо ин гуна хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат  сарҷамъона муборизаи беамон мебарем. Нест бод хоинони Ватан!