Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Комунисти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 20 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва соли 2016 «Соли фарди солим» байни колонсолон, ҷавонон ва наврасон мусобиқаи дучархоронӣ дар мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд ва кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мусобиқа аз соати 14:00 то 15:00 дар мактаби маҳорати олии вилоят байни варзишгарон ва аз соати 16:00 дар кӯчаи Сирдарё байни колонсолону ҷавонон ва наврасон гузаронида шуда, ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплому сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.