Имсол мо мадуми сарбаланди кишвар бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирем. Воқеан, ҳам Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Табиист, ки таъмини пешрафти ҷомеа дар заминаи шароиту хусусиятҳои маҳалливу миллӣ, қабул ва такмили қонунгузории миллиро талаб менамояд. 

Ҳамасола баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ чорабиниҳо ва вохӯриву мулоқотҳо бо иштироки бевоситаи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ гузаронида мешавад. Имсол сол низ ин инъанаро идома дода, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон  ва Раиси кумиҷроияи  шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ба дидорбинии якчанд нафар иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва собиқадорони меҳнат рафтанд.

 Захматҳое, ки ин шахсон дар ҳақиқат баҳри пойдории сулҳ ва рушду нумӯи давлат кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҳамеша онҳо дар мадди назари давлату ҳукумат карор дошта, дар ҳар иду ҷашнвораҳо аёдат карда мешаванд.