Рӯзи 11 августи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд ба бунёди роҳи танобӣ санги асос гузошт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки имрӯзҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят давоми 3 соли оянда зиёда аз 3000 адад иншоот сохта ва ба истифода дода мешавад ва ба ин васила ин гӯшаи ватанамон боз ҳам ободу зебо мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки танҳо дар шаҳри Хуҷанд ба ин муносибат зиёда аз 250 иншоот бунёд мегардад. Ин ҳама бо дастгирии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум мусоидат менамояд.

Роҳбари вилоят афзуд, ки дар доираи эълн гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Хуҷанд роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад. Роҳи танобӣ дорои 47 кобина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кобинаи хизматрасони олӣ буда, дар як вақт барои 160 нафар хизматрасонӣ менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, баъди истифода додани он 16 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Абдурашид» буда, масолеҳи сохтмонӣ пурра ватанӣ мебошад. Интизор меравад, ки роҳи танобӣ охири соли равон мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

Собиқадори соҳаи сохтмон Муборак Неъматова ин иқдомро амалӣ саривақтӣ ва шоистаи таҳсин унвон намуда, таъкид дошт, ки лоиҳаи он ҳанӯз 30 сол муқаддам вуҷуд дошт ва ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он амалӣ шуда истодааст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди роҳи танобӣ санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта шуд.

 

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд