Субҳи рӯзи панҷшанбе назди бинои комиссариати ҳарбии вилоят серодам буд. Аз дуру наздик падару модарон ба инҷо ҷамъ омаданд, то фарзандонашонро ба хизмати ҳарбӣ гусел кунанд. Байни онҳо Заррина Манонова, омӯзгори пешқадам, собиқ директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 26-и шаҳри Хуҷандро дучор шудам, ки бо ҷавони наврастае истода, сӯҳбат мекард. 
Азбаски кайҳо боз муаллимаро надида будам ва бар замми ин шунидам, ки бақарибӣ ба вазифаи мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъйин шудааст, ба наздаш рафта, ҳолпурсӣ кардаму ҳам табрик. 
Фикр кардам, ки бо тақозои кору вазифа ба инҷо омадааст, баъди сӯҳбати кӯтоҳ роҳамро давом доданӣ будам, вале Заррина Манонова:
-Муаллимаҷон як дуои нек диҳед, фарзандам ба аскарӣ рафта истодааст, - гӯён аз дастам дошт ва сӯҳбатамон дубора авҷ гирифт. 
Аз рӯи гуфти модараш Мирзошавкат ҳафтаи гузашта ба синни 18 қадам монда, мехоҳад хизмати Модар – Ватанро чун дигар ҳамсолонаш ба ҷо орад. “Хизмат қарзи ҳар ҷавонмард аст, ин Ватанро мо ҳифз накунем, пас ки бояд кунад?!” – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Мирзошавкат. 
Заррина Манонова, ки аз ин ҳарфҳои писараш ба ҳаяҷон омада буд, илова кард: “Ба мо, масъулону аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои аслии ҳизбамон ҳифзи ваҳдату ягонагӣ аст, татбиқи ин ҳадаф муҳимтар аз ҳама манфиатҳои шахсиву оилавӣ мебошад. Бинобар ин, хоҳиши Мирзошавкатро дар оила бедудилагӣ қабул карда, ба хизмати ҳарбӣ гусел намуда истодаем.” 
Ба Мирзошавкат дуои нек додам, ки хизмати ҳарбиро бо сари баланд ба ҷо оварда, боиси ифтихори волидонаш гардад. 
“Ҳаминки хизматро ба охир расонд, ба Академияи милитсия дохил шуда, таҳсилро давом медиҳад. Яке аз орзуҳои деринаи ман ин буд, ки Мирзошавкат ходими милитсия шавад. Инро бинед, ки ба яке аз қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ номнавис шудааст, акнун орзуям амалӣ мегардад”- бо хушҳолӣ гуфт Заррина Манонова.
Ростӣ, аз ҷасорату ватанпарастии писараш дида, ба садоқатпешагии Заррина Манонова хушам омад, ки такрор ба такрор мегуфт: “барои мо ҳизбиён аз манфиатҳои шахсиву оилавӣ дида, манфиатҳои давлату миллат боло меистад!” 
Беҳуда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳизби пешбару мардумӣ намегуфтаанд, ин шарафро туфайли кору пайкори ибратбахши Роҳбари муаззами он Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои садоқатпешааш соҳиб гаштааст.

Дилрабо МАХКАМОВА, 
собиқадори соҳаи маориф