Дар ташкилоти ибтидоии “Наҷот” маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ аз давраи моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Наҷот” Муяссара Раҳимова иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис ошно карда, оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар назди аъзои фаъол ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои терористию экстремистӣ, дар ташкилоти ибтидои мунтазам чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мегардад. Вобаста ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, дастгирии сиёсати созанда ва бунёдкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, ва амсоли ин суханрони кардашуд. Инчунин бобати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии ҲХДТ тавсеаи судманд дода шуд. Ҳамзамон масъалаи танзими ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб баррасӣ гардид. Аз рӯйи масъалаҳои дигари маҷлис аъзои Раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд. Ҳамзамон бобати ҷараёни маъракаи сиёсӣ “Обуна-2024” ва сари вақт анҷом додани он сухан рафт. Масъалаҳои дар рузномаи маҷлис пешниҳодшуда барраси гардида, қарорҳои дахдор қабул гардид.

Бо тарафдории иштирокчиёни маҷлис Муяссара Раҳимова раиси ташкилоти ибтидоии “Наҷот” интихоб гардид.