Бинобар хушку гарм омадани зимистони имсола бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар сар то сари кишварамон маъракаи яхобомонӣ ва шӯршӯии заминҳо идома дорад. Вобаста ба ин масъала дар асоси мактуби дастгоҳи Кумитаи иҷроия Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилотҳои  ҳизбии шаҳру навоҳии кишвар вазифадор шуданд, ки дар самти ташвиқу тарғиби ин маъракаи муҳим саҳмгузор бошанд.

Тибқи ин дастур рӯзи гузашта дар ҳудуди ташкилоти ибтидоии «Ҳунарманд»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби кормандон ва аъзои фаъоли ҳизб маъракаи яхобмонӣ сурат гирифт. Зимни корҳои дастҷамъона, пирони кор қайд карданд, ки яхобмонӣ барои нашуънамои дарахтон заминаи хуб гузошта, то дергоҳ намиро нигоҳ медорад. Инчунин барои тез нашукуфтани гулҳо дар аввали баҳор мусоидат мекунад. Ҳамзамон барои несту нобуд кардани ҳашаротҳои зарарарсон мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои минбаъда кишвари мо ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ аз кишвари аграрӣ ба мамлкати агросаноатӣ мубаддал мегардад. Ва ин имкон медиҳад, ки ҳамаи маҳсулотҳо дар дохили кишвар мавриди коркард қарор мегирад.

Маъракаи яхобмонӣ ва шӯршӯи бошад, барои фаровонҳосилӣ замина фароҳам меорад.