Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии  «Саодати истиқлол» - и Кумитаи иҷрояи ибтидоии “Сомон” ва тибқи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ – дастоварди беназири миллати тоҷик” бо иштироки устодону омӯзгорон, ҷавонон вааъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Ҷӯрабек Мамадқулов муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ  ширкат варзиданд. Зимни чорабании тарбиявӣ аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд  Сулҳия Қобилова дар мавзӯи “Истиқлолият – неъмати бебаҳост”,  Шарофиддин Солиев дар мавзӯи “Аҳамияти таърихиву сиёсии ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ”,  Ҳаётҷон Қурбонов дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” ва М.Қаҳорова  донишҷӯи курси 1-уми низоми фосилавии ихтисоси сиёсатшиносӣ  дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми сарбаланди мо як ҳодисаи таърихӣ буда, ҳифзу гиромидоштани он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан ҷавонону наврасон аст.