ҶАЛБИ ҲИЗБИЁН ДАР ОБОДОНИИ МАҲАЛ

 Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷалби аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Раҳим Ҷалил» шанбегӣ баргузор гардид, ки дар он ҳашарчиён роҳравҳо ва ҷуйборҳои маркази шаҳри Хуҷандро аз партовҳо тоза намуданд.